Ғазалиёт – Лоика Шерали
То дилфурӯз омад ишқи дубораи мо, – Лоик Шерали
То дилфурӯз омад ишқи дубораи мо, Дар осмон дурахшид аз нав ситораи мо. Рамзошнои ишқем он қадр, к-аз сари сӯз Дил метапад шабу рӯз аз…
Сино расид бар сарам, дардам даво нашуд, – Лоик Шерали
Сино расид бар сарам, дардам даво нашуд, Дар коми гӯр рафтаму комам раво нашуд. Бо бенаво навон шудам то бахшамаш наво, Рӯзе, ки ман навон…
Пинҳон зи назар то кай, дар мадди назар мебош, – Лоик Шерали
Пинҳон зи назар то кай, дар мадди назар мебош, Хоҳӣ зи хатар растан, дар чанги хатар мебош. Аз худ чӣ бурун тозӣ чун ҷои гурезат…
Онҳо ки ташнаанд, бари об мераванд, – Лоик Шерали
Онҳо ки ташнаанд, бари об мераванд, Дилташнагон ба соҳили Варзоб мераванд. Як зумра аз барои таносоиву тараб, Як зумра аз барои табутоб мераванд. Чанде барои…
Нест осон бурдани бори сухан, – Лоик Шерали
Нест осон бурдани бори сухан, Сода набвад ин ҳама кори сухан. Аз гули хору зи хори гул маро Кардӣ мафтуни гулу хори сухан. Аз хасе…
Мо ташнаем, ташнаи дидори зиндагӣ, – Лоик Шерали
Мо ташнаем, ташнаи дидори зиндагӣ, Дил додаем бар кафи дилдори зиндагӣ. Он қадр ошиқем, ки хушвақт бигзарем Дар зери бори зиндагӣ бебори зиндагӣ. Донистаем бо…
Мард он, ки сарафроз сари дор бимирад, – Лоик Шерали
Мард он, ки сарафроз сари дор бимирад, Як бор таваллуд шуда, як бор бимирад. Мард он, ки сари қулла чу ҳамхонаи хуршед Аз қисмати худ…
Кӯзаро бишкаставу бар санг туҳмат мекунӣ, – Лоик Шерали
Кӯзаро бишкаставу бар санг туҳмат мекунӣ, Ҷомро бишкаста, соқиро маломат мекунӣ. Бас дуиҳо дидаам дар табъи пасту дуни ту, Худ разолаткору уммеди адолат мекунӣ. Аз…
Ишқ овардам, пушаймонам макун, – Лоик Шерали
Ишқ овардам, пушаймонам макун, Оташ овардам, гулафшонам макун. Хешро то ишқи ту аз сад даре Ҷамъ овардам, парешонам макун. Шодӣ овардам, ба ғам рангаш мазан,…
Зиндагиям бе шукӯҳи ишқат орое надошт, – Лоик Шерали
Зиндагиям бе шукӯҳи ишқат орое надошт, Ҳамчу шаҳри мурдагоне буд, овое надошт. То набудӣ, гӯиё дар синаи ман дил набуд, Ё агар буд, андуҳу дарди…
Ёри дурафтодаи ман, боз наздикам биё, – Лоик Шерали
Ёри дурафтодаи ман, боз наздикам биё, Лоиқи табрикам ин дам, баҳри табрикам биё. То набошад зиндагият баъд аз ин аз бад батар, Ман ҳанӯз он…
Дил ба дарё бизанам, то дили дарёе ҳаст – Лоик Шерали
Дил ба дарё бизанам, то дили дарёе ҳаст Сар ба савдо бизанам, то сару савдое ҳаст. Бори ишқе бикашам, то рамақ аз ҷон дорам, Заҳри…
Дар мағз-мағзи ҷонам ғамҳои ту бимирам, – Лоик Шерали
Дар мағз-мағзи ҷонам ғамҳои ту бимирам, Бо гуфтугӯи ишқат бегуфтугӯ бимирам. Якумр аз раҳи дил – аз манзиле ба манзил Бас ҷустуҷӯт кардам, дар ҷустуҷӯ…
Гарчи эъҷозе накардам, баҳри эъҷозе бимирам, – Лоик Шерали
Гарчи эъҷозе накардам, баҳри эъҷозе бимирам, Бо пару боли қавӣ дар авҷи парвозе бимирам. Хурдаам май бас зи хумми дурднӯшони қадимӣ, Зиста риндона, ҳам ринди…
Бо дили дарё нишинам, то дилам дарё шавад, – Лоик Шерали
Бо дили дарё нишинам, то дилам дарё шавад, Бо ғами дунё бисӯзам, то дилам дунё шавад. Дурии гардун биҷӯям, то шавам наздики дил, Вусъати саҳро…
Бетабутоби ту бетобам ҳанӯз, – Лоик Шерали
Бетабутоби ту бетобам ҳанӯз, Гӯиё дар шасти гирдобам ҳанӯз. Гарчи аз рӯзи насибам рафтаӣ, Медароӣ дар шаби хобам ҳанӯз. Дар дили шабҳо ба ёд ояд…
Ба баҳори нав расидам, зи баҳор шукр гӯям, – Лоик Шерали
Ба баҳори нав расидам, зи баҳор шукр гӯям, Ба нигори нав расидам, зи нигор шукр гӯям Зи хумори ишқ шодам, ки дили маро ҷавон кард,…
Аз кӯҳ санге чун фитад, сад сангро беҷо кунад, – Лоик Шерали
Аз кӯҳ санге чун фитад, сад сангро беҷо кунад, Марде чу номардӣ кунад, сад мардро расво кунад. Нодон чу доноӣ кунад, аҳсан бигӯемаш ҳама, Аммо…
Як зумра касон пиртаваллудшудагонанд, – Лоик Шерали
Як зумра касон пиртаваллудшудагонанд, Эҳсоси ҷавонони дилошуфта чӣ донанд. Инҳо на сағиру на кабиранд, дареғо, Оташ, ки наянд, об дар оташ нафишонанд. Сурат ҳама солор,…
Эй кошки ба олам ман бошаму ту бошӣ, – Лоик Шерали
Эй кошки ба олам ман бошаму ту бошӣ, Мисли Ҳавою Одам ман бошаму ту бошӣ. По дар гили ғами дил, сарсони олами дил, Озод аз…
Шод бод он, к-ӯ ғами ёрон хурад, – Лоик Шерали
Шод бод он, к-ӯ ғами ёрон хурад, Ҳасрати дунёи бепоён хурад. Аввал ороми дили бирён диҳад, Баъд беғам барраи бирён хурад. Аз гулӯяш нагзарад як…
Чӣ хабар. Чӣ ҷангу даъво. Ту напурсу ман нагӯям. – Лоик Шерали
Чӣ хабар. Чӣ ҷангу даъво. Ту напурсу ман нагӯям. Кӣ шикаст муҳраи мо? Ту напурсу ман нагӯям. Кӣ бурид решаи мо? Кӣ бисӯхт бешаи мо?…
Чанд рӯзам монда ё на дар ҷаҳони бекарона, – Лоик Шерали
Чанд рӯзам монда ё на дар ҷаҳони бекарона, Мерасад умрам ба поён мисли поёни фасона. Ман саропо шеър будам, чораю тадбир будам Ҳам ба зери…
Ҳар гаҳ, ки бишмарӣ, эй хушнигоҳи ман, – Лоик Шерали
Ҳар гаҳ, ки бишмарӣ, эй хушнигоҳи ман, Бо чашми ошиқӣ айбу гуноҳи ман Дар ишқи мо, бидон, ғайр аз дурангӣ нест – Рӯи сафеди ту,…
Фақат асири мастию маю сабӯ набудаам, – Лоик Шерали
Фақат асири мастию маю сабӯ набудаам, Мудом дилфирефта зи рангу бӯ набудаам. Чу даштҳои тирамаҳ нагаштаам тиҳӣ зи худ, Чу санги сард бехабар зи ҷустуҷӯ…
Тоҷики гарданкашу лашкаршикан…” – Лоик Шерали
“Тоҷики гарданкашу лашкаршикан…” Гардани худ бишканад аз макру фан. Теғзан? Оре, батар аз сад адӯ Худ бизанад бар ҷигари хештан. Тирзан? Оре, бизанад бехато Рост…
То даме дил доштем, эй дӯст, дилбар доштем, – Лоик Шерали
То даме дил доштем, эй дӯст, дилбар доштем, То даме сар доштем, эй дӯст, ҳамсар доштем. То даме, ки шохи мо нашкаста буд аз санги…
Соқиё, соғар бикаш, то ин дам осон бигзарад, – Лоик Шерали
Соқиё, соғар бикаш, то ин дам осон бигзарад, Оби ҳайвон деҳ, ки фарёдам зи кайвон бигзарад. Дар ҷаҳони гирдгардон кори мо саргаштагист, Ҷом гардон кун,…
Пеши ту дарду оҳро монам, – Лоик Шерали
Пеши ту дарду оҳро монам, Бандаи додхоҳро монам. Рӯ ба рӯ бо нигоҳи сафшиканат Кишвари бесипоҳро монам. Гарчи пуштупаноҳи ман ишқ аст, Яккаи бепаноҳро монам….
Ороиши ҷавониям ишқи ту буду мурд, – Лоик Шерали
Ороиши ҷавониям ишқи ту буду мурд, Гулбонги шодмониям ишқи ту буду мурд. Болам дигар шикаставу авҷам нишастааст, Парвози осмониям ишқи ту буду мурд. Акнун дили…
Нам-нами борон чу ёдат кард, ёдат мекунам, – Лоик Шерали
Нам-нами борон чу ёдат кард, ёдат мекунам, Барги гул чун бӯи ту овард, ёдат мекунам. Дарди ишқат мард буду қисматам номард буд, Ман ба қасди…
Мо солхурда ҳастем ё сол хурда моро – Лоик Шерали
Мо солхурда ҳастем ё сол хурда моро Мо умр бурда бар сар ё умр бурда моро? Мо ҷонсупор будем дар ҳоҷати замона, Ё азми ҷонсупорӣ…
Манам шайдои гуфтори Саноӣ, – Лоик Шерали
Манам шайдои гуфтори Саноӣ, Намоз орам ба атвори Саноӣ. Кулоҳи чархи гардун печиши нав Гирифт аз печи дастори Саноӣ. Агар дидори дунё хуб хоҳӣ, Бубин…
Кӯдаки ман, шод зӣ, озод зӣ. – Лоик Шерали
Кӯдаки ман, шод зӣ, озод зӣ. Бо дилу ҷону тани обод зӣ. Аз ғазалҳоям ба фарёдам бирас, Баъди ман бенолаву фарёд зӣ. Гар шавӣ ҳам…
Ишқ меварзам, ки аз ман дур бигрезад аҷал, – Лоик Шерали
Ишқ меварзам, ки аз ман дур бигрезад аҷал, Ишқ то бо ман ситезад, ҳеҷ настезад аҷал. То бувад овехта дастони ман бар гардане, Безамон бар…
Зиндагӣ! Ман бо ту рӯзе ҳарбае сар мекунам, – Лоик Шерали
Зиндагӣ! Ман бо ту рӯзе ҳарбае сар мекунам, Ман туро чун сарнавишти хеш дигар мекунам. Ин ҳама золигариҳои ту бар ман чира нест, Гар ту…
Ёд бод, он шӯри оғози муҳаббат ёд бод, – Лоик Шерали
Ёд бод, он шӯри оғози муҳаббат ёд бод, Ёд бод, эҳсоси эъҷози муҳаббат ёд бод. Байни ду дил – байни ду сайёраи шӯру ҷунун Дар…
Дили бедилбаре дорам, на месӯзад, на месозад, – Лоик Шерали
Дили бедилбаре дорам, на месӯзад, на месозад, Кафи хокистаре дорам, на месӯзад, на месозад. Зи паҳноҳои гардунҳо ба рӯи хоки ҳомунҳо Фитода ахтаре дорам, на…
Дар сӯҳбати чашмонат соғар ба кафи дастам, – Лоик Шерали
Дар сӯҳбати чашмонат соғар ба кафи дастам, Ин лаҳза, ки ман мастам, дарёб, ки ман ҳастам. Эй ёри биҳиштоғӯш, ин лаҳза муборак бод, Дар доми…
Ғарқи дарёи ғамонам, роҳи ободӣ, куҷоӣ – Лоик Шерали
Ғарқи дарёи ғамонам, роҳи ободӣ, куҷоӣ Як қалам шакку гумонам, роҳи ободӣ, куҷоӣ? Гӯям ар, сӯзад забонам, варна сӯзад устухонам, Дар замона безамонам, роҳи ободӣ,…
Бо ҳусну бо малоҳат кори шумо набошад! – Лоик Шерали
Бо ҳусну бо малоҳат кори шумо набошад! Бо лутфу бо назокат кори шумо набошад! Аз ишқи камназире, аз ҳусни дилпазире Дорад дилам қиёмат, кори шумо…
Бевафоии ҳаёт аз бевафоии ман аст – Лоик Шерали
Бевафоии ҳаёт аз бевафоии ман аст Норасоиҳои бахт аз норасоии ман аст. Гар ба мақсад мерасидам роҳи ман кӯтоҳ буд, Ин қадар раҳҳо дароз аз…
Ба ҳар ҷое, ки бошӣ, эй худои орзуи ман, – Лоик Шерали
Ба ҳар ҷое, ки бошӣ, эй худои орзуи ман, “Худоё!” гуфта мемирад ба сад хорӣ адӯи ман. Ба сӯят ҳар шабу рӯзе, ки ман рӯи…
Аз замон панди падар мешунавам, – Лоик Шерали
Аз замон панди падар мешунавам, Аз замин рози башар мешунавам. Ахтари наҳс фузун аз саъд аст, З-осмон бӯи хатар мешунавам. Оламе пур шуда аз одами…
Як замон дар синаат баҳри дамон оварда будам, – Лоик Шерали
Як замон дар синаат баҳри дамон оварда будам, Дар дилат як шуълае аз ҷовидон оварда будам. Мепаридам дар ҳавои ишқи ту то осмонҳо, Дар заминат…
Эй ишқ – камоли дил, эй ишқ – заволи дил, – Лоик Шерали
Эй ишқ – камоли дил, эй ишқ – заволи дил, Хуш омадӣ бар сина бо хобу хаёли дил. Бикшодӣ агар сад раҳ, сад роҳи дигар…
Шаборӯзон зи ҳар ҷониб садои тир меояд, – Лоик Шерали
Шаборӯзон зи ҳар ҷониб садои тир меояд, Ба ҷони одамон талвосаи шабгир меояд. Садои тир меояд, ки тири халқ коҳидаст, Садои тир меояд, ки фардо…
Чӣ суд аз зар, ало ёри зарафшонӣ, ҷавонӣ рафт, – Лоик Шерали
Чӣ суд аз зар, ало ёри зарафшонӣ, ҷавонӣ рафт, Чӣ ҳаз аз лаъл, эй шӯхи бадахшонӣ, ҷавонӣ рафт. Чи донову чи зебову чи ҷӯё буд,…
Ҷавонему хушиҳои ҷавониро намедонем, – Лоик Шерали
Ҷавонему хушиҳои ҷавониро намедонем, Ба ёди зиндагонӣ зиндагониро намедонем. Ба сад дил ташнагони меҳрубониву навозишҳо, Вале худ дилбариву меҳрубониро намедонем. Ба сад ҷон дар танӯри…
Ҳар гаҳе ошиқ будам, инсони комил будаам, – Лоик Шерали
Ҳар гаҳе ошиқ будам, инсони комил будаам, Мавҷи берунҷаста аз зарфи ду соҳил будаам. Ҳар қадар дил бурда бошад ҳусни бепарво зи ман, Он қадар…