Айш хоҳӣ, азобҳо бинӣ, – Лоик Шерали

Айш хоҳӣ, азобҳо бинӣ, Рӯй ҷӯӣ, ниқобҳо бинӣ. Ҳар қадар хоҳӣ гарданафрозӣ, Даври гардан танобҳо бинӣ. Бахти бедорро, ки ҷӯёӣ, Чун бихобӣ, ба хобҳо бинӣ….

ادامه مطلب

Аз байни ҳама бурду бало мегузарад дил, – Лоик Шерали

Аз байни ҳама бурду бало мегузарад дил, Аз бодияҳо обилапо мегузарад дил. Гаҳ сӯхта, гаҳ сохта дар кӯраи айём, Аз баҳри ҳама қоидаҳо мегузарад дил….

ادامه مطلب

Як зумра, ки сӯзи ҷонашон нест, – Лоик Шерали

Як зумра, ки сӯзи ҷонашон нест, Ҷуз мақсади обу нонашон нест. Бас хушкдимоғу хушкмағзанд, Ҳарфи таре дар забонашон нест. Гованд ҳама ба хурдан, аммо Як…

ادامه مطلب

Эй ҳамватан, ба ҳамдигар чунучаро чаро – Лоик Шерали

Эй ҳамватан, ба ҳамдигар чунучаро чаро Кардем базмхонаро мотамсаро чаро? Дорем як таронаи шевои сарнавишт, Дар як тарона мову ту ноҳамсаро чаро? Чашма якеву бар…

ادامه مطلب

Эй бознишастагони миллат, – Лоик Шерали

Эй бознишастагони миллат, Эй болшикастагони миллат Пайвандгарони дӯшу фардо, Аз хеш гусастагони миллат; Аз тарфи ҷаҳону зиндагонӣ, Эй тарфнабастагони миллат; Гоҳе таҳи бору гаҳ таҳи…

ادامه مطلب

Чу як пири хирад мирад, бимирад ҷумла осорам, – Лоик Шерали

Чу як пири хирад мирад, бимирад ҷумла осорам, Чу як ҳамсоли ман мирад, гаронтар мешавад борам. Дарахте бишканад, гӯӣ миёнам бишканад, эй дод! Чу фикре…

ادامه مطلب

Ҷаҳон – сӯзишгаҳи инсон, чунин будасту хоҳад буд, – Лоик Шерали

Ҷаҳон – сӯзишгаҳи инсон, чунин будасту хоҳад буд, Ҳаёт – афсӯси бепоён, чунин будасту хоҳад буд. Хиёнат кори номардон, маломат кори бедардон, Муҳаббат – ғорати…

ادامه مطلب

Ҳар чӣ дорам дар ин ҷаҳон Ватан аст – Лоик Шерали

Ҳар чӣ дорам дар ин ҷаҳон Ватан аст Ватан асту мадори ҷону тан аст. Гунаҳи мост, ҳолия ин хок Мадфани мурдагони бекафан аст. Бо ҳама…

ادامه مطلب

Ҳаққи мо ҳақгузор мехоҳад, – Лоик Шерали

Ҳаққи мо ҳақгузор мехоҳад, Рӯзи мо рӯзгор мехоҳад. Ғами мо як ғами висоле нест, Ҳиммати ғамгусор мехоҳад. Сари коре, ки мову ту дорем, Сари моро…

ادامه مطلب

Умр аз пеши дарам мегузарад, – Лоик Шерали

Умр аз пеши дарам мегузарад, Ё ки аз пешу барам мегузарад. Аз чӣ роҳе ба чӣ ранге бошад, Навбати умри сарам мегузарад. Тирамоҳ ояд агар…

ادامه مطلب

То наёбӣ, ҷони ман, ҷони сухан, – Лоик Шерали

То наёбӣ, ҷони ман, ҷони сухан, Чун гадоён мехурӣ нони сухан. Медавӣ якумр гирдогирди кӯҳ, То наёбӣ маншаи кони сухан. Гар надорӣ дар дил оҳеву…

ادامه مطلب

Сухан вирди забонҳо буд, имрӯз аз даҳан мондаст – Лоик Шерали

Сухан вирди забонҳо буд, имрӯз аз даҳан мондаст Забони ноби тоҷикӣ бурун аз анҷуман мондаст. Чу ҳар хору хасе даъвои шеъру шоирӣ дорад, Дилам аз…

ادامه مطلب

Сар ба пои зиндагӣ бинҳода мемирем мо, – Лоик Шерали

Сар ба пои зиндагӣ бинҳода мемирем мо, Зода меҳнатзода, меҳнатзода мемирем мо. Зиндагӣ ҳарчанд гирдоби мураккаб метанад, Сода-сода зиста, ҳам сода мемирем мо. Маҷмаи айбу…

ادامه مطلب

Оҳ, эй кони дасиса, оҳ, эй дунёи песа, – Лоик Шерали

Оҳ, эй кони дасиса, оҳ, эй дунёи песа, Бо дуруштиҳот чун созам ба ин табъи нафиса? Ҳар касеро баҳри коре офаридӣ, хуб кардӣ, Чашми ин…

ادامه مطلب

Одам агар биҷустаед, одаматон одамак аст, – Лоик Шерали

Одам агар биҷустаед, одаматон одамак аст, Ғами шумо куҷо ғаме, ғами шумо ғамкаҳак аст. Дар дилатон, ки сӯз не, сохта нест коратон, Дар саратон, ки…

ادامه مطلب

На зи ранҷу азоб метарсам, – Лоик Шерали

На зи ранҷу азоб метарсам, На зи ҳоли хароб метарсам. Бими тӯфони мавҷҳоям нест, Аз хаси рӯи об метарсам. Бо замона ҳисоби ман пок аст,…

ادامه مطلب

Медавам дар кӯчаҳои зиндагӣ, – Лоик Шерали

Медавам дар кӯчаҳои зиндагӣ, Рӯзу шабҳо аз қафои зиндагӣ Ҳар чӣ меёбам ба сад ранҷу алам, Мефишонам пеши пои зиндагӣ. Мехурам ғамҳои қисматкардааш, Мекашам дарду…

ادامه مطلب

Ман ба ҳар ҳолу ба ҳар боб туро меёбам, – Лоик Шерали

Ман ба ҳар ҳолу ба ҳар боб туро меёбам, Рӯз меҷӯяму дар хоб туро меёбам. Гар гули рӯи туро бахт насибам накунад, Ман зи ҳар…

ادامه مطلب

Кори Шӯро ҳама шӯр аст, худат медонӣ, – Лоик Шерали

Кори Шӯро ҳама шӯр аст, худат медонӣ, Зиндагӣ зиндабагӯр аст, худат медонӣ. Хандаи бахт агар хоста бошӣ зи қазо, Хандаҳои лаби гӯр аст, худат медонӣ….

ادامه مطلب

Ин парастор, ки мегӯӣ ғами моро хурд, – Лоик Шерали

Ин парастор, ки мегӯӣ ғами моро хурд, Ғами мо хурд? Ҳама бешу ками моро хурд. Баски номаш зи шикамборагӣ чизе ҳам дошт, Хурдае додаву нони…

ادامه مطلب

Зи пирӣ шод шудӣ, ки камоли умр расид – Лоик Шерали

Зи пирӣ шод шудӣ, ки камоли умр расид Камоли умр гузашту заволи умр расид. Биёр ҷоми булӯрин, ки дурди ашки мост, Булӯри умр гузашту сафоли…

ادامه مطلب

Ду раҳсозему раҳпаймо – ману дарё, ману дарё, – Лоик Шерали

Ду раҳсозему раҳпаймо – ману дарё, ману дарё, Ду ҳамроҳему ду танҳо – ману дарё, ману дарё. Зи як сарчашма меоем, як сарчашмаи кӯҳӣ, Ба…

ادامه مطلب

Дареғу дард, ки ёрон зи мо ба дур шуданд, – Лоик Шерали

Дареғу дард, ки ёрон зи мо ба дур шуданд, Чунин зи кӯрии хешу зи бахти шӯр шуданд. Чу иттиҳод набуда миёнашон чун мушт, Ба сухра…

ادامه مطلب

Дар дил он қадр, ки мақсуди ман аст – Лоик Шерали

Дар дил он қадр, ки мақсуди ман аст Ин ҷаҳон арсаи маҳдуди ман аст. Ҳар чӣ аз будани худ пай ҷустам, Жарф дидам паи нобуди…

ادامه مطلب

Гар қабили малол наям, шод кун маро, – Лоик Шерали

Гар қабили малол наям, шод кун маро, Вайрон агар намекунӣ, обод кун маро. Соиб Хандон агар намекунӣ, гирён макун маро, Обод агар намекунӣ, вайрон макун…

ادامه مطلب

Биё, биё, ки туро чун тарона мехоҳам, – Лоик Шерали

Биё, биё, ки туро чун тарона мехоҳам, Маҷӯ баҳона, ки ман бебаҳона мехоҳам. Дар ошёни муҳаббат туро шабе танҳо Ба зери гунбади ҳафтошёна мехоҳам. Ту…

ادامه مطلب

Бар мо чӣ рафт аз замон, эй хок бар сарам, – Лоик Шерали

Бар мо чӣ рафт аз замон, эй хок бар сарам, Аз тиру таркашу камон, эй хок бар сарам. Бегона сӯхт хонаро, хокистари варо Барбод дод…

ادامه مطلب

Аз саманди замон пиёда шудам, – Лоик Шерали

Аз саманди замон пиёда шудам, Пиру афгору уфтода шудам. Ҷодаи шаҳр буд пур аз ман, Ин замон бартараф зи ҷода шудам. Дод, эй дод, чӯҷаи…

ادامه مطلب

Агарчи сӯхтам, як шуъла рухсори ту мехоҳам, – Лоик Шерали

Агарчи сӯхтам, як шуъла рухсори ту мехоҳам, Хуморолудаам, чашмони айёри ту мехоҳам. Туӣ танҳову ман танҳо, ду танҳоем дар дунё, Ҳама дору надорамро нигаҳдори ту…

ادامه مطلب

Як замон то доштам дил, дилситонат будаам, – Лоик Шерали

Як замон то доштам дил, дилситонат будаам, Як замон то доштам ҷон, ҷонфишонат будаам. То даме будем бо ҳам ҷон ба ҷону дил ба дил,…

ادامه مطلب

Эй раҳгузар, саломе, мо низ раҳсипорем, – Лоик Шерали

Эй раҳгузар, саломе, мо низ раҳсипорем, Ин раҳ, ки ту сипардӣ, мо низ месипорем. Гар ғамшарики моӣ, мо низ ғамшарикем, Гар ту ғаме надорӣ, мо…

ادامه مطلب

Эй дил, эй дил, ҳама фарёд зи шайдоии ту, – Лоик Шерали

Эй дил, эй дил, ҳама фарёд зи шайдоии ту, Ки чунин пир шудам аз ғами барноии ту. Бар ману ҳастии ман ҳукми ту бисёр гузашт,…

ادامه مطلب

Чун набуд бар сарамон сарвару сардори бузург, – Лоик Шерали

Чун набуд бар сарамон сарвару сардори бузург, Хушк шуд чашмаи зояндаи афкори бузург. Хурд ғам ҳастаи ҳастии аҷамбошонро Чун набуд дар барамон ҳамдаму ғамхори бузург….

ادامه مطلب

Ҷаҳони ишқи ниҳоне ҷаҳоншиносам кард, – Лоик Шерали

Ҷаҳони ишқи ниҳоне ҷаҳоншиносам кард, Фиғони оби равоне равоншиносам кард. Нигоҳи масти ҷавонӣ бикард агар пирам, Нигоҳи хастаи пирӣ ҷавоншиносам кард. Чи баргҳо, ки зи…

ادامه مطلب

Ҳар нафас бинам зи чашми шӯхи ту нози дигар, – Лоик Шерали

Ҳар нафас бинам зи чашми шӯхи ту нози дигар, Ҳар нафас бикшоям аз даври лабат рози дигар. Ҳар қадар бо ту бубинам кишвари афсонае, Ҳар…

ادامه مطلب

Хушбахт мурдае, ки ба ёди гуноҳи ӯ – Лоик Шерали

Хушбахт мурдае, ки ба ёди гуноҳи ӯ Сад зинда зиндагӣ кунад андар паноҳи ӯ. Қадри варо шинохта ҳатто зи баъди марг, Тан дода ғусса мехурад…

ادامه مطلب

Ту, эй беаҳду бепаймон, маро бигзоштӣ, рафтӣ, – Лоик Шерали

Ту, эй беаҳду бепаймон, маро бигзоштӣ, рафтӣ, Ту, эй бемеҳру беимон, маро бигзоштӣ, рафтӣ. Балогардони ҷон будӣ, балои ҷон шудӣ охир, Ба зери чархи саргардон…

ادامه مطلب

То қиёми ишқи шӯрангезат, эй маҳваш, набуд, – Лоик Шерали

То қиёми ишқи шӯрангезат, эй маҳваш, набуд, Ҳеҷ гаҳ дар синаи ман ин қадар оташ набуд. Субҳ мешуд, шом мешуд, зиндагонӣ мегузашт, Зиндагонӣ мегузашт, аммо…

ادامه مطلب

Тарки соғар кардаму андар хумораш сӯхтам, – Лоик Шерали

Тарки соғар кардаму андар хумораш сӯхтам, Тарки дилбар кардаму дар раҳгузораш сӯхтам. То ба дарёи диле рафтам ба сад дарёдилӣ Бе канораш об гаштам, дар…

ادامه مطلب

Рӯҳи мо бар қадри даврон мерасад – Лоик Шерали

Рӯҳи мо бар қадри даврон мерасад Ҷони мо бар қадри ҷонон мерасад. Нест танҳо чанд кас кайҳоннавард, Шеъри дилрас ҳам ба кайҳон мерасад. Ҳар чӣ…

ادامه مطلب

Охир мани шӯридадил бо як садо ошиқ шудам, – Лоик Шерали

Охир мани шӯридадил бо як садо ошиқ шудам, Бо камбаҳоиям туро, эй бебаҳо, ошиқ шудам. Бедарду ғам будам агар, дар ишқ кам будам агар, Инак…

ادامه مطلب

Одамизодам, барои одамин ҷон меканам, – Лоик Шерали

Одамизодам, барои одамин ҷон меканам, Канда шуд гар риштаи ҷоне зи кин, ҷон меканам. Ахтаре гар канда шуд аз осмон, тақсир нест, Гар умеде канда…

ادامه مطلب

На ғаму дард орзу дорам, – Лоик Шерали

На ғаму дард орзу дорам, На дили сард орзу дорам Душманонам заифу номарданд, Душмани мард орзу дорам. Осмон ос мекунад моро, З-осиё гард орзу дорам….

ادامه مطلب

Маро ҷустӣ, вале пайдо накардӣ, – Лоик Шерали

Маро ҷустӣ, вале пайдо накардӣ, Ба бозор омадӣ, савдо накардӣ. Шунидӣ қиссаи ғарқидагонро, Гузоре бар лаби дарё накардӣ. Зи гулсозон гули коғаз харидӣ, Талоши лолаи…

ادامه مطلب

Ман бандаи он қавм ки худро донанд, – Лоик Шерали

Ман бандаи он қавм ки худро донанд, Ҳар дам дили худро зи ғалат бирҳонанд. Аз зоту сифоти хеш созанд китоб, Феҳристи китобро аналҳақ хонанд. Мавлавӣ….

ادامه مطلب

Кай ҳама ҷангу моҷаро гузарад, – Лоик Шерали

Кай ҳама ҷангу моҷаро гузарад, То азоби ману шумо гузарад? Ё Баҳоваддини балогардон, Ҳеҷ донӣ бо мо чиҳо гузарад? Сад бало омадаст бар сари халқ,…

ادامه مطلب

Ин кӯчиёни хокираҳ пур хоки моро бехтанд, – Лоик Шерали

Ин кӯчиёни хокираҳ пур хоки моро бехтанд, Аз дори мо бар хурдаву моро ба дор овехтанд. Нахле насабзонидаву карданд моро решакан, Бидрида тору пудамон, пайвандамон…

ادامه مطلب

Замон кони ғамон гуфтанду рафтанд, – Лоик Шерали

Замон кони ғамон гуфтанду рафтанд, Фиғон аз ин ҷаҳон гуфтанду рафтанд. Ҳама ваҳшат, ки худшон офариданд, Зи дасти осиён гуфтанду рафтанд. Замонро вожгун карданд худшон,…

ادامه مطلب

Дили худро замоне дида будам дар канори дил, – Лоик Шерали

Дили худро замоне дида будам дар канори дил, Кунун мебинамаш ҳар лаҳза дар чанги фишори дил. Замоне дар фарози қуллаҳо шоҳиншикоре буд, Шуд акнун сайди…

ادامه مطلب

Дар чашми ту ранги осмон буд, – Лоик Шерали

Дар чашми ту ранги осмон буд, Дар мӯи ту атри бӯстон буд. Ман рӯи ҷаҳон надида будам, Рӯи ту барои ман ҷаҳон буд. Ҳар печухами…

ادامه مطلب