Шеъри Pӯз – Лоика Шерали
ШЕЪРИ НАВ – Лоик Шерали
ШЕЪРИ НАВ Ба Мӯъмин Қаноат Шеъри нав бархост ҳамчун одами нав, Ҳамчу тифли инқилоб Бо саволу бо ҷавобу бо хитоб. Захмҳои пушти Айнӣ сатрҳои ӯ…
РАҚҚОСА – Лоик Шерали
РАҚҚОСА Меситезӣ, Мегурезӣ, Менавозӣ, Мегудозӣ, Панҷаҳоят мешуморад рӯзҳои рафтаро, Мекунад ошуфтадилтар шоири ошуфтаро. Бо парешонбозиҳои кокулони тобдор Ёдам орӣ аз парешонбозиҳои рӯзгор. Он чунон фаттону…
МАРСИЯИ ҶАМШЕД – Лоик Шерали
МАРСИЯИ ҶАМШЕД Дар сӯгвории пизишки ҷавон Ҷамшед Осимӣ, ки аз тири қотилон кушта шуд ва дар таслияти қиблагоҳи ӯ донишманди покнасаб Аслиддин Осимӣ, ки бар…
ДОСТОНИ ДАСТҲО – Лоик Шерали
ДОСТОНИ ДАСТҲО Ҷӯяҳо монанди чини рӯи деҳқон, Пунбаи бишкуфта ранги мӯи деҳқон, Пунба хандон, домани саҳро шукуфон, Чун дили поку ҳақиқатҷӯи деҳқон. Куртаи алвон ба…
АФСОНАИ ҶАВОНӢ – Лоик Шерали
АФСОНАИ ҶАВОНӢ Ҳоло, ки ман ҷавонам, дунё пур аз ҷавонист, Ҳар ҷо, ки по гузорам, он ҷо пур аз ҷавонист. Имрӯз гар ҷавонам дар орзуи…
Ҳар касе буд зиндагиафрӯз, – Лоик Шерали
Ҳар касе буд зиндагиафрӯз, Ҳар кӣ аз зиндагиш асар бошад Дар шумори ҳама ҳунарҳояш Мурданаш низ як ҳунар бошад. Бо ҳама ҳусни зоҳиру ботин Ҳар…
САТРҲОИ НОТАМОМ – Лоик Шерали
САТРҲОИ НОТАМОМ Ба хотираи шоири ҷанговар Ҳабиб Юсуфӣ Сатрҳои нотамому хомаи навпайзада Монд бесоҳиб… Дар оғози ҳаёт Роҳҳо дигар шуданд, Он гаҳ расид, Ки шавад…
МАНУ ТУ – Лоик Шерали
МАНУ ТУ Ҳеҷ донӣ, ки чӣ кардем ба модар ману ту? Ё чӣ кардем ба ҳам, ҷони бародар, ману ту? Саъй кардем ба вайронии кишвар…
ЗАБОНГУМКАРДА – Лоик Шерали
ЗАБОНГУМКАРДА Ҳар кӣ дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре Хештанро бенишон гумкардае. Ин яке бахти ҷавон гум кардааст,…
Ба қаҳрамони меҳнат – Лоик Шерали
Ба қаҳрамони меҳнат Дар ин замини меҳнат, дар ин замони меҳнат Табрик гӯямат ман, эй қаҳрамони меҳнат! Аз чор фасли меҳнат як панҷгӯша ахтар Афтод…
ҶАВОНМАРДӢ – Лоик Шерали
ҶАВОНМАРДӢ Рӯди кӯҳистони мо аз тангно Бо талотумҳо ба дарё мерасад. Шуҳрату овозаи имрӯзи мо Аз замин то арши аъло мерасад. Бо тамоми дӯстони дӯстхоҳ…
ПУНБА – Лоик Шерали
ПУНБА Раҳбарон дар анҷуманҳои бузург Мешаванд аз баҳри ту сурху сафед. То ту аз хоки сияҳ сар мекашӣ, Медиҳӣ аз заҳмати деҳқон навид. Бишкуфӣ, мисли…
МАҚБАРА Ё МАСХАРА – Лоик Шерали
МАҚБАРА Ё МАСХАРА Дар маснади баҳор, дар афрози гулдара Бо “сабки ҳозира” Номурда, аз барои худ афрохтӣ баланд Бемисл мақбара… Оваҳ, чӣ манзара! Номурда, хешро…
ДУОИ БОРОН – Лоик Шерали
ДУОИ БОРОН Хушксолӣ пеш ояд ҳар замоне, Синаи гардун бихушкад ҳар баҳоре, Ҷои абру ҷои боронҳои найсон Чашми деҳқон мегирист аз интизорӣ: “Ёраб, сабаби ҳаёти…
БА ЖУРНАЛИСТ – Лоик Шерали
БА ЖУРНАЛИСТ Кишти деҳқон чу сар кашад аз хок, Сар кашад кишти муддаои ту ҳам. Хӯшаҳо ҳар замон, ки дон банданд, Хӯша бандад мақолаҳои ту…
ҶАВОБ БА НОМАИ ЯК ДУХТАРИ ФУРӮХТАШУДА – Лоик Шерали
ҶАВОБ БА НОМАИ ЯК ДУХТАРИ ФУРӮХТАШУДА Ба ҳоли ту дилам месӯзад аз дур, Ки дар даврони озодӣ асирӣ. Ҳама олам паи озодӣ кӯшад, Ту ҳоло…
ПАХТАЧИНИ ПИР – Лоик Шерали
ПАХТАЧИНИ ПИР Дар миёни раддаҳои пахта бо қадди дуто Саҷда меорад заминро ҳамчу даргоҳи худо. Кӯзаи пушташ ба сӯи осмони кӯзапушт Пахта мечинад ба ду…
КӮРХАТ – Лоик Шерали
КӮРХАТ Кӯрхат бинвис, ало мавлои Вақт, Ки басо гумкардаҳо дорам ба маҷрои замона, Ки басо гумкардаҳо дорам ба ину он баҳона, дар ҷаҳони бекарона дар…
ДЕҲҚОНИ ХОКПОШ – Лоик Шерали
ДЕҲҚОНИ ХОКПОШ Ба омоче, ки мероси худоист, Замини бандагиро карда шудгор, Гузашт ӯ сарҳади бечорагиро, Ба бахту бо замин шуд ҷовидон ёр. Зи даст омочро…
АЛОРАҒМИ МАҲАЛГАРОЁН – Лоик Шерали
АЛОРАҒМИ МАҲАЛГАРОЁН Агар аз Балх ё аз Қандаҳорем, Ҳама парвардаи як кӯҳсорем. Дар ин дарёи нопайдоканора Ба як киштии тӯфонӣ саворем. Толиби Қандаҳорӣ I Гоҳ-гоҳе…
ҶАВОБ БА НОМАИ СУЛАЙМОН ЛОИҚ – Лоик Шерали
ҶАВОБ БА НОМАИ СУЛАЙМОН ЛОИҚ Бокам аз туркони тирандоз нест, Таънаи тироваронам мекушад. Ҳофиз Аз Ҷалолобод омад номаат, Хондаму ошуфтатар шуд хотирам. Аз Пуличархӣ, ки…
ПАДАРАМ, ВО ПАДАРАМ – Лоик Шерали
ПАДАРАМ, ВО ПАДАРАМ Эҳдо ба равони тобноки Муродуллоҳи Шерализода. Падарамро куштанд. Осмоно! Падаро! Бепадароне падарамро куштанд. Падари оқилу соҳибназарамро куштанд, Падари қобилу соҳибҳунарамро куштанд. Дилу…
ИЛТИҶО АЗ КАМОНМАРДОН – Лоик Шерали
ИЛТИҶО АЗ КАМОНМАРДОН Найзабозӣ андар ин куҳҳои танг Найзабозонро ҳамеорад ба нанг. Мавлавӣ Камонмардон! Камон аз дӯш бигзоред, Ба ёди куштагони хештан хомӯш бигзоред! Ки…
БОНГИ ОЖИР – Лоик Шерали
БОНГИ ОЖИР (Бар асари рӯйдодҳои Чили) Эй шумо бозичаҳои симу зар, Эй ҳавасбозони савдои худӣ, Бо чӣ миқдоре зи дунёи ҳама То кунун ҷӯед дунёи…
Ало, субҳи ҳумоюнфар, – Лоик Шерали
Ало, субҳи ҳумоюнфар, Биё дар чеҳраи беобу рангу равғанат мирам Биё дар хандаҳои бефанат мирам, Биё дар чашмҳои равшанат мирам! Чи шоми тирарӯзе буд, шоме…
ҲАМСОЛОНИ ПАРОВАРИ МАН – Лоик Шерали
ҲАМСОЛОНИ ПАРОВАРИ МАН Кӯлвору ҷомадон, Хаймаҳо дар даштҳо, дар кӯҳҳо, Раҳ ба раҳ васлу ҷудоӣ, Раҳ ба раҳ мушкилкушоӣ. Раҳ ба раҳ шеъру тарона, Раҳ…
ОРЗУИ ХОМ – Лоик Шерали
ОРЗУИ ХОМ Дар ғами номуси миллат Камтарин тоҷик агар чун ман бисӯзад, Аз фурӯғи рӯзи миллат Бемуҳобо хонаи душман бисӯзад! Баҳри истиқлоли миллат Камтарин тоҷик…
ЗИНДАРӮДУ ПАНҶРӮД – Лоик Шерали
ЗИНДАРӮДУ ПАНҶРӮД Зи рӯди Рӯдакӣ бувад Суруди мо, дуруди мо. Зи риштаи сухан бувад Бақои тору пуди мо. Тулӯи меҳри ҷовидон – Замини бошу буди…
ГӮРИ РОНАНДА – Лоик Шерали
ГӮРИ РОНАНДА Дар камаргоҳи баланди кӯҳҳо, Дар хами роҳи нишеби партгоҳ Гӯри як ронандаи берӯзиест, К-аз фалокат мурда андар нимароҳ. Чанбари фармон раҳо гашта зи…
ХУРОСОНИ БУЗУРГ – Лоик Шерали
ХУРОСОНИ БУЗУРГ Чу аз насли Фаридунем, Аз як реша, як хунем. Чу аз хуни Сиёвушем, Ҷовидон ҳамоғӯшем. Дирафши ковиён бо мост, Фарри ориён бо мост….
ОМӮЗГОР – Лоик Шерали
ОМӮЗГОР Он қаҳрамони кору дигар сафири давлат, В-он шоири ҷаҳонӣ – дастонсарои миллат. Ин баргузидаи халқ, он нозиши замона, В-он зуфунуни якто, арбоби илму санъат….
ҚИЁМАТ – Лоик Шерали
ҚИЁМАТ Эҳдо ба профессор Саъдинисо Ҳакимова Хоки кишвар хастаю мурда, Оби кишвар заҳролуд аст, Ҳам ҳавояш, ҳам фазояш, Бенавою бонавояш заҳролуд аст. Ин чӣ рӯзе?…
Дар Хиросимаю Нагасаки – Лоик Шерали
Дар Хиросимаю Нагасаки Чун фиканданд бомбаҳои гарон Даст бар сар ҳамезад аз ҳайрат, Даст бар сар ҳамезад аз нафрат Эншитейн – он ягонаи даврон. Даст…
АЗ БОМИ ҶАҲОН, АЗ НОМИ ҶАҲОН – Лоик Шерали
АЗ БОМИ ҶАҲОН, АЗ НОМИ ҶАҲОН Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Шамси Табрезӣ Гарчи шуҳратманд чун Боми Ҷаҳонанд,…
ҲАМОСАИ БАРОДАРӢ – Лоик Шерали
ҲАМОСАИ БАРОДАРӢ Мо – шуълаи як оташ, шогирди як дабистон, Гулҳои ранг-ранги як гулшани шукуфон, Сарчашмаҳои як рӯд аз авҷи кӯҳсорон, Ангуштҳои як даст, як…
МИНБАРИ КОММУНИЗМ – Лоик Шерали
МИНБАРИ КОММУНИЗМ Минбари холӣ, вале пур аз рақам, Минбари олӣ, вале пур берамақ, Пур сабақ омӯхтӣ торихро, Ҳеҷ аз торих н-омӯхтӣ сабақ. Яккатозу якказору яккахор…
ҚАСИДАИ 1.000.000 – Лоик Шерали
ҚАСИДАИ 1.000.000 Замини тоҷикон дар арзи милён сол милёнро намедонист, Зи бас ин гуна давронро намедонист. Замини оҷизи мо хуфта буд, зеро Чунин бедорхобиҳои деҳқонро…
БО НОМИ СТАЛИН – Лоик Шерали
БО НОМИ СТАЛИН Сталин гӯяму ронам заминро, Замин тобеъ шавад, ман бинам инро. Лоҳутӣ Сталин гуфтаму рондам заминро, Замин бечора буд, бечоратар шуд. Сталин гуфтам…
Шукр гӯям зиндагиро бо ҳама ширину талх – Лоик Шерали
Шукр гӯям зиндагиро бо ҳама ширину талх Шукр гӯям зиндагиро бо ҳама неку бадаш. Шукр гӯям қисматамро бо ҳар он чӣ ҳасту нест, Шукр гӯям…
ФИРЪАВНИ УСТУХОНӢ – Лоик Шерали
ФИРЪАВНИ УСТУХОНӢ Дорӣ ғурури хушке, дорӣ шуури хушке, Фиръавни нотавонӣ, фиръавни устухонӣ! Бо мардумон расидан, з-онон ғаме кашидан Номат наметавонад, ҳам худ наметавонӣ. Ман аз…
НОМА БА ЗИНДОН, БА МАҚСУДИ ИКРОМ – Лоик Шерали
НОМА БА ЗИНДОН, БА МАҚСУДИ ИКРОМ Барзани Ленин агар Рӯдакӣ шуд, На ба он соддагию кӯдакӣ шуд. Пайкари Ленин агар вожун шуд, Ҷигари ворисаконаш хун…
Зи бедорӣ тоҷик чун дод зад, – Лоик Шерали
Зи бедорӣ тоҷик чун дод зад, Хаёлам дам аз умри озод зад Вале нек дидам, ки ингуна буд, Раҳи чапғалат буд, воруна буд. Чу тоҷик…
ДАР ҶАНОЗАИ ҲАМСОЛАМ – Лоик Шерали
ДАР ҶАНОЗАИ ҲАМСОЛАМ Дӯстам, дӯсти ҷавонмаргам, Баҳри чӣ, баҳри кӣ, чаро мурдӣ? Ман аминам, чу зодаи куҳсор, Ҳар чӣ ҳам буд, баҳри мо мурдӣ. Дӯстам,…
Эй шаҳри беситораи дунёнадидаҳо, – Лоик Шерали
Эй шаҳри беситораи дунёнадидаҳо, Аз ҳар куҷо расида, ба ҳам норасидаҳо Шаҳри забоншикастаҳо, аз ҳам гусастаҳо, Дар раҳгузори ҳодиса сархам нишастаҳо. Шаҳре, ки дар суруди…
ТУ КУШТӢ ШОИРИ ҚОДИРСУХАНРО – Лоик Шерали
ТУ КУШТӢ ШОИРИ ҚОДИРСУХАНРО Ту куштӣ шоири қодирсуханро, Ту куштӣ шӯҳрату фахри Ватанро. Ту як сайёраро куштӣ, Ва ё як осмон истораро куштӣ. Ғалат кардам,…
ОДАМИ ХОКӢ – Лоик Шерали
ОДАМИ ХОКӢ Ахтарони фитода аз афлок Бори дигар ба осмон н-оянд. Сарнагун уфтода аз гардун, Гӯшаеро зи худ наороянд. Лек инсон равад чу бар гардун,…
ЗАХМҲО – Лоик Шерали
ЗАХМҲО Дар шаҳри Пушкино, наздикии Ленинград дар боғҳои Екатерина ва Пушкин бист сол боз табибон дарахтҳои маҷрӯҳро ҳамчу инсон табобат мекунанд. Мечакад об – Мечакад…
БАҲОНА ЧИСТ НОМИ ХАЛҚ! – Лоик Шерали
БАҲОНА ЧИСТ НОМИ ХАЛҚ! Замона бенизом шуд, баҳона чист? Номи халқ! Ҳалолҳо ҳаром шуд, баҳона чист? Номи халқ! Хазинаҳо тамом шуд, баҳона чист? Номи халқ!…
ШОИРИ НАБАРДҲО – Лоик Шерали
ШОИРИ НАБАРДҲО Ба шоири инқилобӣ Сулаймон Лоиқ Нестӣ ту Лоиқи ғамҳо дигар, Лоиқи андӯҳу мотамҳо дигар. Шаҳрбанди худ наӣ, разми туро Мешиносад ҷумла оламҳо дигар….
ТИРАМОҲ – Лоик Шерали
ТИРАМОҲ Осмони тозарӯ шуд тирарӯ, Токҳоро гӯр карданд. Пояҳои хушки пахта бегулу бебарг монданд, Рафт з-онҳо қадру қимат – он гули симинашон, Сӯяшон сар хам…