Ту ҳам он нестӣ, ман ҳам на онам, – Лоик Шерали

Ту ҳам он нестӣ, ман ҳам на онам, Дили мо гарчи ҳоло ҳам ҷавон аст Вале эҳсоси мо он рӯди кӯҳист, Ки байни соҳили маснӯъ…

ادامه مطلب

Қадди одам ба лаҳзаи мурдан – Лоик Шерали

Қадди одам ба лаҳзаи мурдан Гашта гӯё зи буда норозӣ Боз, гӯянд, қадре меёзад Дар талошу набарди ҷонбозӣ. Лаҳзаи разми зиндагию марг Одамизод бо ҳазор…

ادامه مطلب

ВОДАРЕҒО – Лоик Шерали

ВОДАРЕҒО (Дар сари гӯр) Чашми бахтат кӯр гашта, ҷойгоҳат гӯр гашта, Хонадон мотамсарову хокдон маъмур гашта. Водареғи рӯзгорат, Водареғи эътиборат, Водареғи чашми чорат, Водареғо, водареғ……

ادامه مطلب

СОЯҲОИ ҒУРУБ – Лоик Шерали

СОЯҲОИ ҒУРУБ Сояҳои дарози вақти ғуруб Рӯзи кӯтоҳро фурӯ бурданд. Кӯр карданд чашми равшани рӯз, Ба сари рӯз пой афшурданд. Рафт хуршед аз дили дарё,…

ادامه مطلب

КОРВОНИ КӮҲҲО – Лоик Шерали

КОРВОНИ КӮҲҲО Ба зери болиши кӯдак гузоранд Ба рӯзи нияти гаҳворабандон Зи рӯи расм як нони тамоме, Ки бахти комиле ёбад зи даврон. Ва ё…

ادامه مطلب

АЪМО – Лоик Шерали

АЪМО Одами аъмо доимо “менигарад” сӯи само Тира менамояд пардаи сафед дунёи равшанро, аммо меёбад моварои тирагиҳо роҳи рафтанро. Пилкҳояш мепаранд, метапанд чун ларзаи мавҷ…

ادامه مطلب

НОМ – Лоик Шерали

НОМ Як ҷавон мехост шуҳрат ёбад андар байни халқ, Номи худро зинда гардонад ба олам ҷовидон. Фикр карду оқибат як чорае пайдо намуд: Канд номашро…

ادامه مطلب

КИТОБИ САНГИН – Лоик Шерали

КИТОБИ САНГИН Ба рӯи санги қабри хоксоре, Чунин ҳак гашта байти обдоре: “Маро бо хоҳиши ман н-офариданд, Вале бо хоҳиши худ ҳам намурдам. Ҳар он…

ادامه مطلب

АРЧА – Лоик Шерали

АРЧА Дар кӯҳ варо на боғбон биншондаст, На об ба вай додаю на парвардаст. Ҳайрат бибарад маро ҳамеша, ёрон: Ин гуна чӣ қувва бехазонаш кардаст?…

ادامه مطلب

Равам бегаҳ лаби дарё нишинам, – Лоик Шерали

Равам бегаҳ лаби дарё нишинам, Ки рӯзи рафтаи худро бибинам. Бибинам, то ба чини рӯи дарё Чи монанд аст ожанги ҷабинам. Биомӯзам зи дарё шоириро,…

ادامه مطلب

Дӯстон, хушбахт бошед, – Лоик Шерали

Дӯстон, хушбахт бошед, Дар ҷаҳон бо ёри хушгил! Дӯстон, хушвақт бошед, Дар дили ёрони хушдил!. Ҷои ожанги руху чини ҷабин Рӯзҳои неки худро бишмаред. Рӯзатон…

ادامه مطلب

ҒАЗАЛИ БОҒБОНИ ПИР – Лоик Шерали

ҒАЗАЛИ БОҒБОНИ ПИР Нигар ба боғи шукуфон, Нигар ба шохаи пурбар, Нигар ба раддаи себу анору зардолу – Чу раддаи аскар – Ҳама нишонаи заҳмат,…

ادامه مطلب

РАҲРАВИ ЗИНДАГӢ – Лоик Шерали

РАҲРАВИ ЗИНДАГӢ Раҳрави роҳи басе дуру дароз, Раҳрави роҳи пур аз шебу фароз, Меравӣ ҷониби фардо нигарон, Хосиятхоҳ зи умри гузарон. Роҳи ту – роҳ…

ادامه مطلب

Зиндагӣ пираҳани афсурдаст – Лоик Шерали

Зиндагӣ пираҳани афсурдаст Дарбеҳаш гар бикунӣ, боз дарад. Раҳи мақсуд, раҳи фардоро Гар қариб оварӣ, ӯ дур барад. Зиндагӣ ҳамчу пизишкест, ки ӯ Гар яке…

ادامه مطلب

БАРОИ ФАРДО – Лоик Шерали

БАРОИ ФАРДО Зиндагӣ то ки бардавом бувад, То бувад насли сонӣ бархурдор, Модарон рафтаанд гар сари хишт, Падарон рафтаанд бар сари дор. Аз барои идомати…

ادامه مطلب

РОҲИ ҚУЛЛАҲО – Лоик Шерали

РОҲИ ҚУЛЛАҲО Ҳар кӣ хоҳад бар баландиҳо барояд босубот, Ҳар касе хоҳад гузорад по ба тори қуллаҳо, Дар раҳи пурпечухам сӯи фарозиҳои кӯҳ Мекунад таъзим…

ادامه مطلب

ЗИНДАГӢ – Лоик Шерали

ЗИНДАГӢ Зиндагӣ ҷорист чун рӯди равон, Ҳам ба сӯи дашти бирён, ҳам ба сӯи гулситон, Кафки мавҷаш ҳамчу риши мӯйсафедон, Пур зи асрор асту пур…

ادامه مطلب

Ало, шодоб соҳилҳо, – Лоик Шерали

Ало, шодоб соҳилҳо, Ба қадри обҳои ҷорӣ мебояд расид имрӯз Ки рӯзе хушку ҳам мағшуш хоҳад шуд. Ало, зебои маҳфилҳо, Ба қадри ҳар чароғи давра…

ادامه مطلب

Одамизод шири хомхурда, – Лоик Шерали

Одамизод шири хомхурда, Мешавад ӯ ба ҳар замон дигар. Борсанги ҷаҳон ба дӯши ӯст, Гоҳ қубҳаш зи ҳуснаш авлотар. Гоҳ аз ишқ тавба мегӯяд, Бингарӣ,…

ادامه مطلب

Ин ҷаҳони чорунсур аз азал – Лоик Шерали

Ин ҷаҳони чорунсур аз азал Бо тарокумҳои бебоконааш Чошнигирӣ биёмӯхтам басо Аз ҳақиқатҳои ҷовидонааш. Дар канори баҳри нопайдоканор Оби шӯраш хурда, гаштам ташнатар. Пар кушодам…

ادامه مطلب

ЭЙ ДАРАХТИ БЕЗАБОН – Лоик Шерали

ЭЙ ДАРАХТИ БЕЗАБОН Худ табарро даста бидҳӣ, То бибуррад решаатро. Мебурандат, Мебарандат, Ин чӣ савдо? Ин чӣ дунё? Аз ту месозанд чӯби дорҳо, Аз ту…

ادامه مطلب

ПИРӢ – Лоик Шерали

ПИРӢ Ин чи фаслест, ки ҷуз доғ нарӯяд аз хок, Дасти гулпарвараш аз хандаи гул метарсад. Зӯри кӯҳафканаш аз коҳ биҷӯяд имдод, Аспи дарёбураш аз…

ادامه مطلب

Касе бо ту ғами дилро нагӯяд, – Лоик Шерали

Касе бо ту ғами дилро нагӯяд, Касе бо ту раҳи фардо наҷӯяд. Чи бадгавҳар, чи нимодам, чи зиштӣ, Ки кас бо ту гули хоре набӯяд….

ادامه مطلب

Чун бубинам, ки сарфарозонро – Лоик Шерали

Чун бубинам, ки сарфарозонро Зиндагӣ зердасти худ кардаст Ноаён бекаманду безанҷир Ходими пойбасти худ кардаст; Чун бубинам аёлмандеро Қолаби зиндагӣ фурӯ бурдаст, Ҷоми ӯ лабшикаставу…

ادامه مطلب

НАФРИН – Лоик Шерали

НАФРИН Лаънати халқ бод бар он кас, Ки зи дунҳиммативу беорӣ Хурда шири сафеди модарро Даст ёзад ба ҳар сияҳкорӣ! Лаънати ду ҷаҳон бар он…

ادامه مطلب

ЗАНГИ ОХИРИН – Лоик Шерали

ЗАНГИ ОХИРИН Як нафас боз сабр бинмоед, Чеҳраҳотон ба ёди худ гирам, Дӯстон, дӯстони ҳамдарсам, Пас равам ҷустуҷӯи тақдирам. Ёдҳо, чеҳраҳою хислатҳо, Ҳазлу шӯхӣ, латифагӯиҳо…

ادامه مطلب

Эй насими биҳиштии дарё! – Лоик Шерали

Эй насими биҳиштии дарё! Дар дили ман қарор кун боре. Ё ту ҳам чун мани шитобзада Зиндагиро шитоб пиндорӣ? Сангҳо хомушанд дар соҳил, Оби дарё…

ادامه مطلب

МУКОФОТ – Лоик Шерали

МУКОФОТ Халқ гӯяд, ки ҷайра як вақте Дукфурӯши сафедкоре буд. Лек чун зад ба чашми мардум хок, Гашт расвою радди мардум шуд. Оҳи халқу дуои…

ادامه مطلب

ДАР ҶАНГАЛИСТОН – Лоик Шерали

ДАР ҶАНГАЛИСТОН Яке қоматхамида, Дигаре мавзуну хушқомат, Яке дар тан варам дорад, Яке бегурму тансиҳҳат. Яке тоқа, дигар қӯша, Яке танҳо, дигар ҷуфт аст. Яке…

ادامه مطلب

Ҳар чӣ мебинам ба олам шоирона – Лоик Шерали

Ҳар чӣ мебинам ба олам шоирона Дилфиребу дилнишин аст. Ҳар чӣ мебинам, бароям чун насиба Аввалин аст, охирин аст. Бингарам бар беди маҷнуни лаби ҷӯ…

ادامه مطلب

Мо ҳама дар чорсӯи зиндагӣ – Лоик Шерали

Мо ҳама дар чорсӯи зиндагӣ Гоҳ гумроҳему гоҳо раҳбарем. Гоҳ бо сар медавему гаҳ ба по, Гоҳ саргардону гоҳо сарварем, Эй дили дарёи ман, парво…

ادامه مطلب

Дидаам дилрезаҳое ки радифи дил нашуд, – Лоик Шерали

Дидаам дилрезаҳое ки радифи дил нашуд, Соҳиби унвон басе дидам, яке фозил нашуд. Зиндагӣ! Гар устоди мо туӣ, бепарда гӯй, Аз чӣ шогирдони як мактаб…

ادامه مطلب

ЧАШМАИ ДИЛЁБ – Лоик Шерали

ЧАШМАИ ДИЛЁБ Дар зимистон оби он гарм аст, гарм, Фасли гармо сард монанди яхоб. Оби софи нилгун чун осмон, Рӯҳпарвар чун шуои офтоб. Дар сари…

ادامه مطلب

Ман аз як санг бинам кӯҳсорон, – Лоик Шерали

Ман аз як санг бинам кӯҳсорон, Ман аз як гул бубинам бӯстонҳо. Зи байти нобадеъ, аммо бамаънӣ Бубинам ибтидои достонҳо. Ман аз як чашма бинам…

ادامه مطلب

ДАР БАЧЧАГӢ – Лоик Шерали

ДАР БАЧЧАГӢ Дар замони бехудию бесарӣ Чун камонвар аз фалахмон Сангҳо афкандаам бар шишаҳои хонаҳо. Эй басо бо шавқу шодон. Бо фиғону моҷаро Пирзанҳо аз…

ادامه مطلب

Хостам муддате зиям бедоғ – Лоик Шерали

Хостам муддате зиям бедоғ Бехато, бегуноҳ, белағзиш Хостам муддате зиям ором Бетараф, барканор, беларзиш. Лек ҳайҳот! Зиндагонӣ гуфт: Бехато зиндагӣ хато бошад. Ҳар кӣ ором…

ادامه مطلب

Миёни ин ҳама ғавғои ҳастӣ – – Лоик Шерали

Миёни ин ҳама ғавғои ҳастӣ – Ҷаҳони пуртазоди орзуҳо. Миёни корзори ақлу эҳсос – Ҷаҳони пуршикасти ҷустуҷӯҳо Ҳама дорем қутби норасида, Ҳама дорем субҳи нодамида….

ادامه مطلب

ГИЁҲҲОИ ХУДРӮЙ – Лоик Шерали

ГИЁҲҲОИ ХУДРӮЙ Гияҳҳое, ки худрӯянду беноманд, Магар беҳуда мерӯянд? На зеби гулшане ҳастанд, на ҳусни гулистоне, На дар гулдастае баста, на бинҳода ба гулдоне. На…

ادامه مطلب

ТАНҲОӢ – Лоик Шерали

ТАНҲОӢ Танҳоӣ на он аст, ки танҳою ғарибӣ, Танҳоӣ на он аст, ки бе ёри қаринӣ. Танҳоӣ чунон аст, ки дар байни ҳама халқ Бошӣ,…

ادامه مطلب

МИҚДОРИ ОДАМ – Лоик Шерали

МИҚДОРИ ОДАМ Панҷ милярд одами ошуфтаҷон Зиндагӣ дорад ба зери осмон. Наҳси Кайвон бас набуд, ки боз ӯ Бими ҷон дорад зи “ҷанги ахтарон”? Мефизояд…

ادامه مطلب

Гарчи ҳамсояему ҳамдаврон, – Лоик Шерали

Гарчи ҳамсояему ҳамдаврон, Ҳар кадоме ситораи дурем. Як сареву ҳазор савдое, Худсару худписанду мағрурем. Зиндагӣ бас фиребамон бидҳад, То варо боз дӯсттар дорем. То варо…

ادامه مطلب

СИЛСИЛА – Лоик Шерали

СИЛСИЛА Аз раҳи хоксорӣ баъзеҳо Дар назар гарчи ноаён ҳастанд, Лек аз баҳри гулханафрӯзӣ Гӯиё пешдаргирон ҳастанд. Аввалин одаме, ки ҳарфе гуфт, Буд беном, мо…

ادامه مطلب

МАДҲИЯИ АҶАЛ – Лоик Шерали

МАДҲИЯИ АҶАЛ Меситоям маргро! Баски ӯ ҳам офаринанда-ст монанди табиат, Баски ӯ ҳам офаринанда-ст монанди муҳаббат, Баски дар халлоқият чун модар аст, Дар назар қонуншикан…

ادامه مطلب

ҒАЗАЛИ ДАРЁ – Лоик Шерали

ҒАЗАЛИ ДАРЁ Ман он рӯдам, ки андар роҳи туғён, На санги раҳ, на соҳил мешиносам. Ман он дарёи пурошӯбу якрав, Ки танҳо шеваи дил мешиносам….

ادامه مطلب

ХОКРӮБ – Лоик Шерали

ХОКРӮБ Дар кӯчаҳои шаҳр Ҳар субҳдам нигар – Пири хамидае, Меҳнаткашидае Ҷорӯб мезанад. Дар мижжаҳои ӯ Хобида гардҳост. Дар кӯзапушти ӯ Зардоби дардҳост. Мурдасту зинда…

ادامه مطلب

ҚУФЛ – Лоик Шерали

ҚУФЛ То надуздад молу мулки ҳеҷ касро ҳеҷ кас, Фикр карда мардумон пас қуфлу дарбон ёфтанд. Хотири худ ҷамъ бинмуда, паи ишқу ҳавас В-аз паи…

ادامه مطلب