Хобҳои ману ту ковиши дил, – Лоик Шерали

Хобҳои ману ту ковиши дил, Хобҳои ману ту бедорист. Баски дилдории мо буд чу хоб, Хоби мо ёде аз он дилдорист. Мекушандам ба дусад тиру…

ادامه مطلب

Ҳамчунон дар тамоми давру замон – Лоик Шерали

Ҳамчунон дар тамоми давру замон Устоди сухан чи кампайдо З-устодони туҳмату буҳтон Зиндагонӣ пур аст, сад ҳайфо! Бо ту хоҳам сафои хонаи чашм, Оҳ аз…

ادامه مطلب

Эй хушо, афсонаҳои ошиқӣ – Лоик Шерали

Эй хушо, афсонаҳои ошиқӣ Дар ҳавои хонаам печидаед Кардаед андар сарам бозорҳо, Дар дили девонаам печидаед. Эй хушо, пиндорҳои гармрӯ, Гармие дар ҷони ман афзудаед….

ادامه مطلب

Ба хаёлам, агар набошӣ ту, – Лоик Шерали

Ба хаёлам, агар набошӣ ту, Лаби дарё ғазал намехонад. Зиндагӣ мешавад нафасгардон, Шоире мисли ман намемонад. Ба хаёлам, агар набошӣ ту Ишқ бесарпараст хоҳад шуд….

ادامه مطلب

Гар ишқи ту намебуд, будам хиҷил зи толеъ, – Лоик Шерали

Гар ишқи ту намебуд, будам хиҷил зи толеъ, Гар ишқи ту намебуд, аз худ гусаста будам. Дидори ту намебуд, дидори зиндагӣ – зишт, Пайванди ту…

ادامه مطلب

Дидам ӯро боз баъди чанд сол, – Лоик Шерали

Дидам ӯро боз баъди чанд сол, Талъати болидааш коҳида буд. Дар назар чун шаҳри баъди зилзила Кишвари ҳуснаш зи ҳам пошида буд. Хирмани гесӯи ӯро…

ادامه مطلب

Ин ишқи дилгудоз, ки эҳсони зиндагист, – Лоик Шерали

Ин ишқи дилгудоз, ки эҳсони зиндагист, Дар синаи хамӯши мо меҳмони зиндагист. Як рӯди пурхурӯш ба саҳрои орзу, Як рӯзи офтобии даврони зиндагист. Ин ишқи…

ادامه مطلب

МОҲИИ ТИЛЛО – Лоик Шерали

МОҲИИ ТИЛЛО Оби Омӯ як замон мерехт дар баҳри Хазар, Як замон аз назди ҳавлии ту мекардам гузар. Ман ҷавони сода будам, Бо ту ман…

ادامه مطلب

ОШИҚ – Лоик Шерали

ОШИҚ Ҳазорон ҷон ба қурбон дора(д) ошиқ, Фидокорест, паймон дора(д) ошиқ, Фарози ҳафтгунбад кай писандад? Макон дар кӯи ҷонон дора(д) ошиқ. Ҳамеша ёди ҷонон аст…

ادامه مطلب

Ташнаам, ташнаи дидори худоёнаи ту, – Лоик Шерали

Ташнаам, ташнаи дидори худоёнаи ту, Ташнаам, ташнаи оғӯши пурафсонаи ту. Ташнаам бо ҳама девонагию мастии хеш, То шиносанд маро ошиқи девонаи ту. Ташнаам дар лаби…

ادامه مطلب

ФАРҶОМИ ЯК ИШҚ – Лоик Шерали

ФАРҶОМИ ЯК ИШҚ Охир ба ҳазор андӯҳ Ман ишқи туро куштам. Як қофила дардамро Дар дашти бало куштам. Осудагӣ меҷустӣ, Осудагӣ бахшидам. Дил канда зи…

ادامه مطلب

Ҳар гаҳе чун ахтари иқболи ман – Лоик Шерали

Ҳар гаҳе чун ахтари иқболи ман Рух намоӣ аз дари айвони хеш Ҳеҷ кайвоне зи айвонат баланд Кай бувад дар вусъату паҳновариш? Ҳар гаҳ аз…

ادامه مطلب

Як шаб аз қисмат гурезам пеши ту – Лоик Шерали

Як шаб аз қисмат гурезам пеши ту Бо ҷунуни дил кунам девонаат Тарк гӯям ақли дурандешро, Гум шавам дар олами афсонаат. Пеши рӯят оварам рӯи…

ادامه مطلب

Барои он ҳама дунёи эъҷоз, – Лоик Шерали

Барои он ҳама дунёи эъҷоз, Барои он ҳама ангези парвоз Барои он ҳама иршоду илҳом Барои он ҳама оғозу анҷом Барои он ҳама сӯзу гудози…

ادامه مطلب

Боз омад тирамаҳ бо баргҳои зарди хеш, – Лоик Шерали

Боз омад тирамаҳ бо баргҳои зарди хеш, Бо ситези гирдбоду бо ғубори гарди хеш. Орзуҳои ҷавонмарги мананд ин баргҳо, Ки ба рӯи хок мерезанд оҳу…

ادامه مطلب

Дилам он қадр мастӣ хоҳад имшаб, – Лоик Шерали

Дилам он қадр мастӣ хоҳад имшаб, Ки роҳи хонаи худро наёбам. Тиҳӣ созам ҳама майхонаҳоро, Ки аз сар бигзарад ҳар сарҳисобам. Зи назди хонаат ғалтону…

ادامه مطلب

Ишқи ту камтар зи дарёе набуд, – Лоик Шерали

Ишқи ту камтар зи дарёе набуд, То замини хотирам гулзор шуд. То зи фарёду ғиреви мавҷҳош Бахти хоболуди ман бедор шуд. Ишқи ту камтар зи…

ادامه مطلب

МАРҲАБО, ПОИ МУБОРАК! – Лоик Шерали

МАРҲАБО, ПОИ МУБОРАК! Марҳабо, чашми ту олу, нигаҳи дӯстписанд, Марҳабо, мӯи маҳинбофта, мижгони баланд. Марҳабо, дасти кушоди ба сахо бемонанд, Марҳабо, ду бари рухсораи нобӯсида!…

ادامه مطلب

Ошиқат будаму ишқам дар дил – Лоик Шерали

Ошиқат будаму ишқам дар дил Монд чун маъдани ноёфтае. Кокулони ту ба дастам н-омад, Монд чун мисраи нобофтае. Ошиқат будаму армону ҳавас Дар ниҳонгоҳи дилам…

ادامه مطلب

То туӣ, дар дили ман шӯру наво хоҳад буд, – Лоик Шерали

То туӣ, дар дили ман шӯру наво хоҳад буд, Дар саропои ту дил бесарупо хоҳад буд. То ҷамоли ту чунин бахтнамо хоҳад буд, Зиндагиям ҳама…

ادامه مطلب

Хонаат чунки дар лаби дарёст, – Лоик Шерали

Хонаат чунки дар лаби дарёст, Ҳар саҳар бинӣ рӯи дарёро. Хонӣ аз хатти печ-печи мавҷ Номаи орзуи дарёро. Ҳар саҳар рӯй шӯӣ дар дарё, Нӯки…

ادامه مطلب

Ҳеҷ мебинӣ, ки аз тақвими умр – Лоик Шерали

Ҳеҷ мебинӣ, ки аз тақвими умр Рӯзҳои хушнафас бигзаштаанд. Лек дар лавҳи дили мо ёдгор Сураҳои ошиқӣ бинвиштаанд. Рӯзҳои некпай бигзаштаанд Рӯзҳои некёду некфол. Он…

ادامه مطلب

Агар ёбам ҷавонии дубора, – Лоик Шерали

Агар ёбам ҷавонии дубора, Туро, танҳо туро мехоҳаму бас. Ба ҳар қисмат, ба ҳар қимат, ки бошад, Туро ҳаргиз нахоҳам дод бар кас. Агар ёбам…

ادامه مطلب

Барфу борон рехт дарҳам ҳамчу дарди ошиқӣ, – Лоик Шерали

Барфу борон рехт дарҳам ҳамчу дарди ошиқӣ, Мурғакони бемакон дар хештан печидаанд. Шохсорон сархаму хомӯш зери бори барф, Гӯиё аз рӯзгори хештан ранҷидаанд. Ман зи…

ادامه مطلب

Боз омадӣ ба хилвати андешаҳои ман, – Лоик Шерали

Боз омадӣ ба хилвати андешаҳои ман, Боз омадӣ барои ман, танҳо барои ман. Дар гесувони беғамат атри баҳорҳо Дар дидагони равшанат нури бақои ман. Боз…

ادامه مطلب

Дили ман чун гули даврони хеш аст, – Лоик Шерали

Дили ман чун гули даврони хеш аст, Ба даврони дигар ҳаргиз нарӯяд. Хазон дорад баҳори зиндагонӣ, Хазонро ҳеҷ кас чун гул набӯяд. Чи тадбире! Худо…

ادامه مطلب

Ишқҳои мурдае дар синаам – Лоик Шерали

Ишқҳои мурдае дар синаам Гоҳ-гаҳ хомӯш исён мекунанд. Гаҳ маро аз хештан розию шод, Гаҳ маро аз худ пушаймон мекунанд. Андаруни ман чи шӯришҳои дард,…

ادامه مطلب

МУҲАББАТИ АВВАЛ – Лоик Шерали

МУҲАББАТИ АВВАЛ Самои нилкору шуълаи субҳонаи хуршед, Дамиданҳои хоки хобноки навбаҳоронро Дилам дар хеш пинҳон дошт, Меболид, меҷӯшид, Шабам хуршеди тобон дошт. Зи пушти тӯри…

ادامه مطلب

Ошиқоне баланд мегӯянд – Лоик Шерали

Ошиқоне баланд мегӯянд “Ҷону дил сарфи нозҳои Шумо. Ҷону дил чист? Андар ин дунё Буду нобуди мо фидои Шумо”. Лофи бисёр, ваъда бебаркаш, Аз ҳавою…

ادامه مطلب

ТОРҲОИ НОНАВОХТА – Лоик Шерали

ТОРҲОИ НОНАВОХТА Ҷавонӣ, масти ҳусну обутобӣ, Ба рӯи ганҷи Қорун менишинӣ. Агарчӣ нестӣ Лайлӣ, валекин Ба истиқболи Маҷнун менишинӣ. Ту мехоҳӣ, ки дар дастони ошиқ…

ادامه مطلب

ХАНДАИ ҶОНОНА – Лоик Шерали

ХАНДАИ ҶОНОНА Хандаҳои дилкаши мастонаи ҷононаро Кӯҳҳо бишнида, хандиданд бо акси садо. Боз оҳиста вазида бо навозиш сӯи дашт, Майсаҳои кӯҳро алвонҷ дода мегузашт. Обҳо…

ادامه مطلب

Ҳар гаҳе бо ханда бикшоӣ лабатро, – Лоик Шерали

Ҳар гаҳе бо ханда бикшоӣ лабатро, Хандаат қуфли диламро мекушояд. Ҳар гаҳе ширин бихандӣ ҷониби ман, Зиндагӣ рангину ширин менамояд. Дар лабони туст шаҳди зиндагонӣ,…

ادامه مطلب

Агар рӯде бихушкад, боз рӯде ояд аз куҳсор, – Лоик Шерали

Агар рӯде бихушкад, боз рӯде ояд аз куҳсор, Агар эҳсоси мо хушкад Агар ишқи дили мову ту хушкад, ҷои фарёд аст, Ки бе ӯ баҳри…

ادامه مطلب

Баъди он шаб, – Лоик Шерали

Баъди он шаб, Он шаби дидори бахт Зиндагӣ озодарӯтар шуд маро, Дӯстрӯтар, содарӯтар шуд маро. Одамон дар чашми ман дигар шуданд, Гӯиё садчанд зеботар шуданд….

ادامه مطلب

Боз дарёву боз кӯҳаи мавҷ – Лоик Шерали

Боз дарёву боз кӯҳаи мавҷ Об мезад ба оташи дили ман. Боз ҳам шавқу шӯри дарёӣ Буд баҳри навозиши дили ман. Баста буданд чашмҳои туро…

ادامه مطلب

ДИДОРГОҲИ ДЕРИН – Лоик Шерали

ДИДОРГОҲИ ДЕРИН Боз аз он ҷо мегузаштам, Бо чӣ вазъу бо чӣ савдо мегузаштам. Гӯиё андӯҳи дунёе ба дил Ман зи дунё мегузаштам. Сабзаҳо хушкида…

ادامه مطلب

КАБӮТАРҲО – Лоик Шерали

КАБӮТАРҲО Даруни номаат ҷуфти кабӯтар, Даруни номаат расми диле буд, Даруни номаат барги гули тар, Фурӯзон чун забони машъале буд. Кабӯтар номаи секунҷа мебурд, Ба…

ادامه مطلب

НИКОҲИ МАРГ – Лоик Шерали

НИКОҲИ МАРГ Ба зери гунбади гардон, Ба рағми дунии гардун Зи бахт рӯй магардон, Зи ишқ тавба макун, Ки бо дарахти сари раҳ никоҳ мекунамат,…

ادامه مطلب

ПАЙМОНАИ МУҲАББАТ – Лоик Шерали

ПАЙМОНАИ МУҲАББАТ Намехоҳам, ки дар хушкӣ шавӣ ғарқ, Намехоҳам, ки бинам дар сари субҳи ҷавоният ғуруби офтобатро. Ба он ёде, ки дар ман лона дорад,…

ادامه مطلب

ТОҶИ АРӮСӢ – Лоик Шерали

ТОҶИ АРӮСӢ Ба сарат тоҷи арӯсӣ шаби тӯй, Пеши пою қадамат гул мерехт. Қул-қули шишаи май бар гӯшат Гӯиё чаҳ-чаҳи булбул мерехт. Байни ҳавлӣ чу…

ادامه مطلب

Хонаҳои баланду шаҳроро, – Лоик Шерали

Хонаҳои баланду шаҳроро, Шаҳри зебою кӯчаю гулгашт… Дар ҳамин кӯчаҳои пурғавғо Ошиқию ҷавониям бигзашт. Ҳар ғурубе нигори атласпӯш, Як гул аз боғи хеш меовард. То…

ادامه مطلب

ҲУСН – Лоик Шерали

ҲУСН Як буттаи гул будӣ, сар то қадамат гул буд, Фасли гули ҳуснат буд, он вақт ҷавон будӣ. Ҳар печухами мӯят сад лонагаҳи дил буд,…

ادامه مطلب

Аввали ишқ – осмони баланд, – Лоик Шерали

Аввали ишқ – осмони баланд, Охири ишқ – хоки домангир. Аввали ишқ – орзуҳо гарм, Охири ишқ – орзуҳо пир. Аввали ишқ – даст бар…

ادامه مطلب

Баҳор мешавад… – Лоик Шерали

Баҳор мешавад… Баҳори пурнигор мешавад. Замини хотироти ман Бунафшазор мешавад. Ба ёди нозҳои кӯдаконаат Дилам хумор мешавад. Чи рӯзҳо гузаштаанд, Ки ман туро надидаам. Чи…

ادامه مطلب

Гарчи медонам, ки дастам кӯтаҳ аст, – Лоик Шерали

Гарчи медонам, ки дастам кӯтаҳ аст, Боз мехоҳам туро бар коми дил. Боз мехоҳам, ки аз ишқи ту бод Дар нафасҳои пасин анҷоми дил. Боз…

ادامه مطلب

ДИЛРО КУШО БА МАН – Лоик Шерали

ДИЛРО КУШО БА МАН Ҳар кас, ки бо ту бошаду бо ту нафас кашад, Бо чун туе ба бистари уммед сар ниҳад, Як лаҳзааш саодати…

ادامه مطلب

Кӣ дар овони ҳаждаҳсолагияш – Лоик Шерали

Кӣ дар овони ҳаждаҳсолагияш Шабе бепечутоб ором хуфтаст? Кӣ дар овони ҳаждаҳсолагияш Ба номи духтаре шеъре нагуфтаст? Даруни дарс аз устод пинҳон Ба номи духтаре…

ادامه مطلب

Ногаҳон – он сон ки борад шохборон – Лоик Шерали

Ногаҳон – он сон ки борад шохборон Зиндагиям пур шуд аз овози ту. Ногаҳон – он сон, ки гул резад дар айёми гулафшон Бар сари…

ادامه مطلب

Ошиқам гар бо манӣ, гар бе манӣ – Лоик Шерали

Ошиқам гар бо манӣ, гар бе манӣ Ошиқам то он ки барнову пок. Ошиқам то ҳастӣ дар рӯи замин, Ошиқам то банда берунам зи хок….

ادامه مطلب

СУРУДИ СУЛҲ – Лоик Шерали

СУРУДИ СУЛҲ Ошиқо, дар паҳлуи ҷонона биншин тангтар, Гӯш бар созу ба оҳанги рубоб андохта. Месарояд дил, дили саршори меҳри дӯстӣ, То нагардад ҳеҷ гоҳе…

ادامه مطلب