Девони Ҳофиз Шерозй
Нест Касро Зи Каманди Сари Зулфи Ту Халос,
Нест касро зи каманди сари зулфи ту халос, Мекушӣ ошиқи мискину натарсӣ зи қасос. Ошиқи сӯхтадил то ба биёбони фано Наравад дар ҳарами ҷон, нашавад…
Ошиқи Рӯи Ҷавоне Хушу Навхостаам
Ошиқи рӯи ҷавоне хушу навхостаам В-аз худо давлати ин ғам ба дуо хостаам. Ошиқу ринду назарбозаму мегӯям фош, То бидонӣ, ки ба чандин ҳунар оростаам….
Рӯза Як Сӯ Шуду Ид Омаду Дилҳо Бархост,
Рӯза як сӯ шуду ид омаду дилҳо бархост, Май зи майхона ба ҷӯш омаду мебояд хост. Тавбаи зӯҳдфурӯшони гаронҷон бигузашт, Вақти шодиву тараб кардани риндон…
Саломуллоҳи Мо Карра-Л-Лаёлӣ,
Саломуллоҳи мо карра-л-лаёлӣ, Ва ҷоватти-л-масонӣ ва-л-масолӣ. Ало водӣ-л-арокӣ ва ман алайҳо, Ва доран би-л-ливо фавқа-р-римолӣ. Дуогӯи ғарибони ҷаҳонам, Ва адъу би-т-тавотур ва-т-таволӣ. Ба ҳар манзил,…
Сина Аз Оташи Дил Дар Ғами Ҷонона Бисӯхт,
Сина аз оташи дил дар ғами ҷонона бисӯхт, Оташе буд дар ин хона, ки кошона бисӯхт. Танам аз воситаи дурии дилбар бигудохт, Ҷонам аз оташи…
Субҳи Давлат Медамад, Ку Ҷоми Ҳамчун Офтоб
Субҳи давлат медамад, ку ҷоми ҳамчун офтоб Фурсате беҳ з-ин куҷо ёбам, бидеҳ ҷоми шароб! Хона беташвишу соқӣ ёру мутриб базлагӯ, Мавсими айш асту даври…
Ту Ҳамчу Субҳиву Ман Шамъи Хилвати Саҳарам,
Ту ҳамчу субҳиву ман шамъи хилвати саҳарам, Табассуме куну ҷон бин, ки чун ҳамесупарам. Чунин, ки дар дили ман доғи зулфи саркаши туст, Бунафшазор шавад…
Хаме, Ки Абрӯи Шӯхи Ту Дар Камон Андохт,
Хаме, ки абрӯи шӯхи ту дар камон андохт, Ба қасди ҷони мани зори нотавон андохт, Набуд нақши ду олам, ки ранги улфат буд, Замона тарҳи…
Хуш Омад Гул В-Аз Он Хуштар Набошад,
Хуш омад гул в-аз он хуштар набошад, Ки дар дастат ба ҷуз соғар набошад. Замони хушдилӣ дарёбу дарёб, Ки доим дар садаф гавҳар набошад. Ғанимат…
Ҳар Киро Хоки Сари Кӯи Ту Маскан Бошад,
Ҳар киро хоки сари кӯи ту маскан бошад, Пеши ӯ гулшани фирдавс чу гулхан бошад. Гар ҷаҳон равшанӣ аз партави хуршед гирифт, Чашми ушшоқ ба…
Ҷамолат Офтоби Ҳар Назар Бод!
Ҷамолат офтоби ҳар назар бод! Зи хубӣ рӯи хубат хубтар бод! Ҳумои зулфи шоҳиншаҳпаратро Дили шоҳони олам зери пар бод! Касе, к-ӯ бастаи зулфат набошад,…
Чу Офтоби Май Аз Машриқи Пиёла Барояд,
Чу офтоби май аз машриқи пиёла барояд, Зи боғи орази соқӣ ҳазор лола барояд. Насим дар сари гул бишқанад кулолаи сунбул, Чу аз миёни чаман…
Шоҳидон Гар Дилбарӣ З-Ин Сон Кунанд,
Шоҳидон гар дилбарӣ з-ин сон кунанд, Зоҳидонро рахна дар имон кунанд. Ҳар куҷо он шохи наргис бишкуфад, Гулрухонаш дида наргисдон кунанд. Эй ҷавони сарвқад, гӯё…
Эй Нури Чашми Ман, Сухане Ҳаст, Гӯш Кун!
Эй нури чашми ман, сухане ҳаст, гӯш кун! Чун соғарат пур аст, бинӯшону нӯш кун! Дар роҳи ишқ васвасаи аҳриман басест, Пеш ову гӯши дил…
Эй Шом, Ба Кӯи Мо Гузар Кун!
Эй шом, ба кӯи мо гузар кун! Эй субҳ, ба ҳоли мо назар кун! Дар зулмати шаб танам бифарсуд, Ё раб, шаби зулматам саҳар кун!…
Агар Рафиқи Шафиқӣ, Дурустпаймон Бош!
Агар рафиқи шафиқӣ, дурустпаймон бош! Ҳарифи хонаву гармобаву гулистон бош! Шиканҷи зулфи парешон ба дасти бод мадеҳ, Магӯ, ки хотири ушшоқ, гӯ, парешон бош! Гарат…
Атат Равоеҳу Ранд-Ил-Ҳимо Ва Зода Ғаромӣ,
Атат равоеҳу ранд-ил-ҳимо ва зода ғаромӣ, Фидои хоки дари дӯст бод ҷони гиромӣ! Паёми дӯст шунидан саодат асту саломат, Мани-л-мубаллеғу аннӣ ало суода саломӣ. Биё…
Ба Мижгони Сияҳ Кардӣ Ҳазорон Рахна Дар Динам,
Ба мижгони сияҳ кардӣ ҳазорон рахна дар динам, Биё, к-аз чашми беморат ҳазорон дард барчинам. Ало, эй ҳамнишини дил ки ёронат бирафт аз ёд, Маро…
Бигзор, То Зи Шореи Майхона Бигзарем,
Бигзор, то зи шореи майхона бигзарем, К-аз баҳри ҷуръае ҳама мӯҳтоҷи он дарем. Рӯзи нахуст чун дами риндӣ задему ишқ, Шарт он бувад, ки ҷуз…
Бозову Дили Танги Маро Мӯниси Ҷон Бош
Бозову дили танги маро мӯниси ҷон бош В-ин сӯхтаро маҳрами асрори ниҳон бош! 3-он бода, ки дар майқадаи ишқ фурӯшанд, Моро ду-се соғар бидеҳу гӯ:…
Гавҳари Маҳзани Асрор Ҳамон Аст, Ки Буд,
Гавҳари маҳзани асрор ҳамон аст, ки буд, Ҳуққаи меҳр бад-он мӯҳру нишон аст, ки буд. Ошиқон зумраи арбоби амонат бошанд, Лоҷарам чашми гуҳарбор ҳамон аст,…
Гар Теғ Борад Дар Кӯи Он Моҳ,
Гар теғ борад дар кӯи он моҳ, Гардан ниҳодем, алҳукму лиллоҳ. Оини тақво мо низ донем, Лекин чӣ чора бо бахти гумроҳ? Мо шайху воиз…
Дар Вафои Ишқи Ту Машҳури Хубонам Чу Шамъ,
Дар вафои ишқи ту машҳури хубонам чу шамъ, Шабнишини кӯи сарбозону риндонам чу шамъ. Рӯзу шаб хобам намеояд ба чашми ғампараст, Баски дар бемории ҳаҷри…
Дерест, Ки Дилдор Паёме Нафиристод,
Дерест, ки дилдор паёме нафиристод, Нанвишт саломеву каломе нафиристод. Сад нома фиристодаму он шоҳи саворон Пайке надавониду саломе нафиристод. Сӯи мани ваҳшисифати ақлрамида, Оҳуравише, кабкхироме…
Дил Саропардаи Муҳаббати Ӯст,
Дил саропардаи муҳаббати ӯст, Дида оинадори талъати ӯст. Ман, ки сар дарнаёварам ба ду кавн, Гарданам зери бори миннати ӯст. Туву тӯбиву мову қомати ёр,…
Дорои Ҷаҳон, Нусрати Дин, Хусрави Комил,
Дорои ҷаҳон, нусрати дин, хусрави комил, Яҳё бинни Музаффар малики олиму одил. Эй, даргаҳи ислом паноҳи ту кушода, Бар рӯи замин равзанаи ҷону дари дил….
Ё Раб, Ин Навгули Хандон, Ки Супурдӣ Ба Манаш,
Ё раб, ин навгули хандон, ки супурдӣ ба манаш, Месупорам ба ту аз чашми ҳасуди чаманаш. Гарчи аз кӯи вафо гашт ба сад марҳала дур,…
Зи Кӯи Ёр Меояд Насими Боди Наврӯзӣ,
Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ, Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ. Чу гул гар хурдае дорӣ, худоро, сарфи ишрат кун,…
Канори Обу Пои Беду Табъи Шеъру Ёре Хуш,
Канори обу пои беду табъи шеъру ёре хуш, Муошир дилбаре ширину соқӣ гулъузоре хуш. Ало, эй давлати толеъ, ки қадри вақт медонӣ, Гуворо бодат ин…
Мабод Кас Чу Мани Хаста Мубталои Фироқ,
Мабод кас чу мани хаста мубталои фироқ, Ки умри ман ҳама бигзашт дар балои фироқ. Ғарибу ошиқу бедил фақиру саргардон, Кашида меҳнати айёму доғҳои фироқ….
Маро Ба Риндиву Ишқ Он Фузул Айб Кунад,
Маро ба риндиву ишқ он фузул айб кунад, Ки эътироз бар асрори илми ғайб кунад. Камоли сирри муҳаббат бибин, на нуқси гуноҳ, Ки ҳар кӣ…
Мо Беғамони Маст Дил Аз Даст Додаем,
Мо беғамони маст дил аз даст додаем, Ҳамрози ишқу ҳамнафаси ҷоми бодаем. Бар мо басе камони маломат кашидаанд, То кори худ зи абруи ҷонон кушодаем….
Мусулмонон, Маро Вақте Диле Буд,
Мусулмонон, маро вақте диле буд, Ки бо вай гуфтамӣ, гар мушкиле буд. Ба гирдобе чу меафтодам аз ғам, Ба тадбираш умеди соҳиле буд. Диле ҳамдарду…
Он Ғолияхат Гар Сӯи Мо Нома Навиштӣ,
Он ғолияхат гар сӯи мо нома навиштӣ, Гардун варақи хастии мо дарнанавиштӣ. Ҳарчанд, ки хиҷрон самари васл бар орад, Деҳқони ҷаҳон кош ки ин тухм…
Падид Омад Русуми Бевафоӣ,
Падид омад русуми бевафоӣ, Намонд аз кас нишони ошноӣ. Баранд аз фоқа назди ҳар хасисе Кунун аҳли ҳунар дасти гадоӣ. Касе, к-у фозил аст имрӯз…
Рӯзгорест, Ки Моро Нигарон Медорӣ,
Рӯзгорест, ки моро нигарон медорӣ, Мухлисонро на ба вазъи дигарон медорӣ. Гӯшаи чашми ризое ба манат боз нашуд, Ин чунин иззати соҳибназарон медорӣ? Соид он…
Салоҳ Аз Мо Чӣ Меҷӯӣ, Ки Мастонро Сало Гуфтем,
Салоҳ аз мо чӣ меҷӯӣ, ки мастонро сало гуфтем, Ба даври наргиси мастат саломатро дуо гуфтем. Дари майхонаам бикшо, ки ҳеҷ аз хонақаҳ накшуд, Гарат…
Сина Моломоли Дард Аст, Эй Дареғо, Марҳаме!
Сина моломоли дард аст, эй дареғо, марҳаме! Дил зи танҳоӣ ба ҷон омад, худоро, ҳамдаме! Чашми осоиш кӣ дорад аз сипеҳри тезрав? Соқиё, ҷоме ба…
Сулаймо Мунзу Ҳаллат Би-Л-Ироқӣ
Сулаймо мунзу ҳаллат би-л-Ироқӣ Улоқӣ ман навоҳо мо улоқӣ Ало, эй сорбони маҳмили дӯст, Ило рукбоникум тола-штиёқӣ Хирад дар Зиндарӯд андозу май нӯш, Ба гулбонги…
Толеъ Агар Мадад Кунад, Доманаш Оварам Ба Каф,
Толеъ агар мадад кунад, доманаш оварам ба каф, Гар бикашам, зиҳӣ тараб, в-ар бикушад, зиҳӣ шараф! Тарфи карам зи кас набаст ин дили пурумеди ман,…
Хастагонро Чу Талаб Бошаду Қувват Набувад,
Хастагонро чу талаб бошаду қувват набувад, Гар ту бедод кунӣ, шарти мурувват набувад. Мо ҷафо аз ту надидему ту худ напсандӣ Он чӣ дар мазҳаби…
Хушо Диле, Ки Мудом Аз Паи Назар Наравад,
Хушо диле, ки мудом аз паи назар наравад, Ба ҳар дараш, ки бихонанд, бе хабар наравад. Тамаъ дар он лаби ширин накарданам авло, Вале чӣ…
Ҳар Он Ки Ҷониби Аҳли Вафо Нигаҳ Дорад,
Ҳар он ки ҷониби аҳли вафо нигаҳ дорад, Худош дар ҳама ҳол аз бало нигаҳ дорад. Ҳадиси дӯст нагӯям, магар ба ҳазрати дӯст, Ки ошно…
Чандон, Ки Гуфтам Ғам Бо Табибон,
Чандон, ки гуфтам ғам бо табибон, Дармон накарданд мискин ғарибон. Он гул, ки ҳар дам дар дасти бод аст, Гӯ, шарм бодат аз андалебон. Ё…
Чу Сарв Агар Бихиромӣ Даме Ба Гулзоре,
Чу сарв агар бихиромӣ даме ба гулзоре, Хӯрад зи ғайрати рӯи ту ҳар гуле хоре. Зи куфри зулфи ту ҳар ҳалқаеву ошӯбе, Зи сеҳри чашми…
Шароби Талх Мехоҳам, Ки Мардафган Бувад Зӯраш,
Шароби талх мехоҳам, ки мардафган бувад зӯраш, Ки то як дам биёсоям зи дунёву шару шӯраш. Симоти даҳри дунпарвар надорад шаҳди осоиш, Мазоқи ҳирсу оз,…
Эй Офтоб Оинадори Ҷамоли Ту,
Эй офтоб оинадори ҷамоли ту, Мушки сиёҳ миҷмарагардони холи ту. Саҳни сарои дида бишустам, вале чӣ суд, К-ин гӯша нест дархӯри хели хаёли ту. Дар…
Эй Хунбаҳои Нофаи Чин Хоки Роҳи Ту,
Эй хунбаҳои нофаи Чин хоки роҳи ту, Хуршед сояпарвари тарфи кулоҳи ту. Наргис карашма мебарад аз ҳад бурун, хиром, Эй ман фидои шеваи чашми сиёҳи…
Агар Равам Зи Паяш, Фитнаҳо Барангезад,
Агар равам зи паяш, фитнаҳо барангезад, В-ар аз талаб биншинам, ба кина бархезад. В-агар ба раҳгузарӣ як дам аз вафодорӣ, Чу гард дар паяш афтам,…
Ало, Эй Тӯтии Гӯёи Асрор,
Ало, эй тӯтии гӯёи асрор, Мабодо холият шаккар зи минқор! Сарат сабзу дилат хуш бод ҷовид, Ки хуш нақше намудӣ аз хати ёр. Сухан сарбаста…