Ғазалиёт – Лоика Шерали
Бедарди дил касест, ки дилбар надоштаст – Лоик Шерали
Бедарди дил касест, ки дилбар надоштаст Бедарди сар касест, ки худ сар надоштаст. Бехештан касест, ки аз хештан нарафт, Бедавлат он касест, ки модар надоштаст….
Ба дил сад достон мемирам охир, – Лоик Шерали
Ба дил сад достон мемирам охир, Чу гул дар бӯстон мемирам охир. Зи макри душманон боке надорам, Зи қасди дӯстон мемирам охир. Ман аз дасти…
Аз он соғар ба каф дорам, ки андар соғарат бинам, – Лоик Шерали
Аз он соғар ба каф дорам, ки андар соғарат бинам, Ки худро масту азхудрафтаву ошиқтарат бинам. Ҳама дарҳои оламро бикӯбам мушт дар мастӣ, Вале охир…
Яшму лаълу мармари мо мезананд, – Лоик Шерали
Яшму лаълу мармари мо мезананд, Порае аз пайкари мо мезананд. Мушт агар пушти дари мо мезананд, Рахнае бар масдари мо мезананд. Мо зи кӯрӣ даст…
Як ҷом бода додиву сад ҷоми ташнагӣ, – Лоик Шерали
Як ҷом бода додиву сад ҷоми ташнагӣ, Кардӣ зи нав дарозтар айёми ташнагӣ. То ташнаи дили туву дилҷӯии туам, Ёраб, мабод дар дилам анҷоми ташнагӣ!…
Эй он ки хонӣ хешро боэҳтиромтар, – Лоик Шерали
Эй он ки хонӣ хешро боэҳтиромтар, Худро ҳалол дониву моро ҳаромтар. Гар хурдӣ шири пухта зи пистони модарат, Дар чашми пухтаат агар моем хомтар. Боре…
Шукри оғӯшат, ки оғӯши ҷаҳони дигар аст, – Лоик Шерали
Шукри оғӯшат, ки оғӯши ҷаҳони дигар аст, Шукри чашмонат, ки мурғи ошёни дигар аст. Ҳалқа гардад зери гардун ҳар гаҳе бар гарданам, Шукри дастонат, ки…
Ҷонам чӣ хоҳад аз рӯзгорон – Лоик Шерали
Ҷонам чӣ хоҳад аз рӯзгорон Навбатгузорӣ бо ҳақгузорон. Бо сӯзи пинҳон ёд оварам ман Аз ишқи ёрон дар рӯзи борон. Бо худ ситезам, бехуд ситезам,…
Ҷамоли ғунча надидӣ, баҳор омаду рафт, – Лоик Шерали
Ҷамоли ғунча надидӣ, баҳор омаду рафт, Гуле ба даст начидӣ, баҳор омаду рафт. Чӣ кӯҳзодаӣ, дар домани биҳиштии кӯҳ Зи домане накашидӣ, баҳор омаду рафт….
Ҳар кас ба тарозуе ҳамсанги замонаш нест, – Лоик Шерали
Ҳар кас ба тарозуе ҳамсанги замонаш нест, Ҷуз санги раҳи фардо, ҷуз нанги замонаш нест. Чун маркаби ҷавмасте бар чор тараф тозад, Пур ҳанг занад,…
Хор дар чашми касе, гар як нафас хорат кунад, – Лоик Шерали
Хор дар чашми касе, гар як нафас хорат кунад, Зор мирад дар бало ҳар кас, ки озорат кунад. Рӯзгораш рӯи файзеро набинад то абад Ҳар…
Ту дар дунёи ман ҳастӣ, вале дунё намедонад, – Лоик Шерали
Ту дар дунёи ман ҳастӣ, вале дунё намедонад, Туям дарёдиле кардӣ, ягон дарё намедонад. Ғамамро мехурӣ ҳар дам, ғаматро мехурам ман ҳам, Чунин ғамхорагӣ дунёи…
То доштам ғами туро, дил ҳеҷ ғам надошт, – Лоик Шерали
То доштам ғами туро, дил ҳеҷ ғам надошт, Дар олами пур аз алам доғи алам надошт. То ту набудӣ ҳамқалами шеърҳои ман, Ин дафтари тиҳии…
Сарпарастиҳои ман дарди саре овардааст – Лоик Шерали
Сарпарастиҳои ман дарди саре овардааст Хушккомиҳои ман шеъри таре овардааст. Гарчи аз парвози кӯтоҳам касе огаҳ нашуд, Баҳри парнорустагон болу паре овардааст. Табъи ман қонуншикан…
Рафт умру нарасидем ба сарманзили дил, – Лоик Шерали
Рафт умру нарасидем ба сарманзили дил, Начашидем зи анвои ҳама ҳосили дил. Гарчи сад восита ҷустему талофӣ кардем, Боз мондем ба сад восита по дар…
Ором нахоҳад шуд душманкадаи дунё, – Лоик Шерали
Ором нахоҳад шуд душманкадаи дунё, Аз хеш наёсояд кулфатздаи дунё. Сад ҷон бифишонӣ ҳам, қадри ту намедонад Ин колбади хушки нафриншудаи дунё. Дидему бисанҷидем то…
Ними умрам дар ғами сарвода рафт, – Лоик Шерали
Ними умрам дар ғами сарвода рафт, Ними дигар дар ғами дилдода рафт. Қисмате аз содагӣ дар хурду хоб, Қисмате дар ёди ҳусни сода рафт. Порае…
Муддате пеши ту қимат доштам, – Лоик Шерали
Муддате пеши ту қимат доштам, Давлати бахти ғанимат доштам. Зиндагиям бо муҳаббат зинда буд, То даме бо ту муҳаббат доштам. Сидқи ман ҳам соф буд…
Марав аз ман, ки бо ту меравад дунёи рангинам, – Лоик Шерали
Марав аз ман, ки бо ту меравад дунёи рангинам, Марав аз ман, ки бо ту меравад ғамҳои ширинам. Агар бо ман гули рӯят набошад, хор…
Қурбони чашми равшанат, ман меравам нагӯй, – Лоик Шерали
Қурбони чашми равшанат, ман меравам нагӯй, Зорам ба гарди доманат, ман меравам нагӯй. Барбод рафт хирмани дорунадори ман Мирам ба мӯи хирманат, ман меравам нагӯй….
Ишқи ман, ҳар ҷо равӣ, бо хеш пиндорам туро, – Лоик Шерали
Ишқи ман, ҳар ҷо равӣ, бо хеш пиндорам туро, Бо ҳама ин дасткӯтоҳӣ ба даст орам туро. Кокулони майдабофатро шумурдам бо нигоҳ, Баъд аз он…
Имшаб чи шабе, шаби гудоз аст имшаб, – Лоик Шерали
Имшаб чи шабе, шаби гудоз аст имшаб, Як базми пур аз нозу ниёз аст имшаб. Домод зи баски бандаи ишқ шудаст, Бар гардани ӯ зулфи…
Ёдгори Айниву ин кӯҳсорон зинда бод! – Лоик Шерали
Ёдгори Айниву ин кӯҳсорон зинда бод! Шеъри Турсунзодаву ин обшорон зинда бод! Ғунчаҳои пунба механдад, зи хандохандашон, Хандаҳои духтарон дар пунбазорон зинда бод! Модарон то…
Дил гадои дигареву ман гадои дигаре, – Лоик Шерали
Дил гадои дигареву ман гадои дигаре, Дил адои дигареву ман адои дигаре. Байни мову дил ҳамеша ҳарбузарби шавқҳост, Дил фидои дигареву ман фидои дигаре. Доғ…
Дар навбаҳори хуррамӣ, дар тирамоҳи пурғамӣ, – Лоик Шерали
Дар навбаҳори хуррамӣ, дар тирамоҳи пурғамӣ, Одам бувад оҳу даме, ҳайфу дареғи одамӣ. Дунёи макру фанди мо, дилхораву дилбанди мо: Пур меканад пайванди мо, ҳайфу…
Гарчи ман кӯтоҳдастам, кӯтаҳармон нестам, – Лоик Шерали
Гарчи ман кӯтоҳдастам, кӯтаҳармон нестам, Гарчи ман кӯтоҳумрам, кӯтаҳимон нестам. Ҳар чӣ аз дасти ман ояд, нотамомаш бишмарам, То зи худ норозиям, аз худ пушаймон…
Бо ҷаҳон андар ситез, аз хештан бегонаам, – Лоик Шерали
Бо ҷаҳон андар ситез, аз хештан бегонаам, Тафтадил ё рафтадил, ё ошиқи девонаам. Чун ту андар хонаи ман нестӣ ҳамдарди ман, Бе ту андар хонаи…
Беғам ҳама ғамхорҳо, бесар ҳама сардорҳо, – Лоик Шерали
Беғам ҳама ғамхорҳо, бесар ҳама сардорҳо, Аз ваъда пур толорҳо, холӣ ҳама анборҳо. Пур шуд агар сад кисае, холист милйун косае, Хории миллатро бубин дар…
Ба дунё омадӣ, найранги дунёро намедонӣ, – Лоик Шерали
Ба дунё омадӣ, найранги дунёро намедонӣ, Тамошо омадӣ, тарфи тамошоро намедонӣ. Зи соҳил сар ба дарё мезанӣ чун кӯдакони хом, Зи бас дандони тези санги…
Аз нигоҳам шарора хоҳад монд, – Лоик Шерали
Аз нигоҳам шарора хоҳад монд, Аз бисотам ситора хоҳад монд. Дар канори замини аҷдодам Қалби ман беканора хоҳад монд. Дар шумори тамоми дарди башар Дарди…
Агар вафо кунӣ бо ман, вафои умри манӣ, – Лоик Шерали
Агар вафо кунӣ бо ман, вафои умри манӣ, Агар бақо кунӣ бо ман, бақои умри манӣ. Агар ба хотири дил мисли мавҷ бо соҳил Суруди…
Як замон дар дили ман ёр иқомат мекард, – Лоик Шерали
Як замон дар дили ман ёр иқомат мекард, Як замон дар дили ман ишқ қиёмат мекард. Як баҳор оташи эҳсоси ман афрӯхта буд, Ки саропои…
Эй миллати хобида, бистезу талоше кун! – Лоик Шерали
Эй миллати хобида, бистезу талоше кун! Эй қавми ҷафодида, бистезу талоше кун! Эй оҳи гиреҳхурда дар ҳанҷараи торих, Эй ҷони ҳаросида, бистезу талоше кун! Ганҷинаи…
Шишаи мо санги хоро бишканад, – Лоик Шерали
Шишаи мо санги хоро бишканад, Хомии мо пухтаҳоро бишканад. Ончунон сангинмизоҷу муҳкамем, Кӯзаи мо санги дарё бишканад. Он қадар соғар шикастем аз алам, То тилисми…
Ҷони инсон ташнаи фатҳу кушоиш будааст – Лоик Шерали
Ҷони инсон ташнаи фатҳу кушоиш будааст Рӯҳи инсон ташнаи мадҳу ситоиш будааст. Пир беш аз кӯдаки гаҳвора ғашён мекунад, Одамӣ якумр муҳтоҷи навозиш будааст. Тифл…
Ҷавонӣ, рангбозии муҳаббатро намедонӣ, – Лоик Шерали
Ҷавонӣ, рангбозии муҳаббатро намедонӣ, Муҳаббатро агар донӣ, садоқатро намедонӣ. Ба маҳфилҳои шӯрафзо, ба базми чойгаштакҳо Ба сурат ошиқиву асли сиратро намедонӣ. Ба ҳар як қомати…
Ҳар гаҳе бе ман бимонӣ, дар ғами ман гиря кун! – Лоик Шерали
Ҳар гаҳе бе ман бимонӣ, дар ғами ман гиря кун! Бо ҳазорон нолаю фарёду шеван гиря кун! Дар сари санге нишеман доштем, эй тахти бахт!…
Халқи фарзонапараст шуда девонапараст – Лоик Шерали
Халқи фарзонапараст шуда девонапараст Дода дурдона зи каф, шуда анбонапараст. Халқи “Шаҳнома”-навис шуд сияҳноманавис, Дода хуршед зи каф, шуда таҳхонапараст. Халқи ҳурмуздпараст бинигар дуздпараст, Шамъу…
Ту дил гум кардию аз кӯчаи дилдор бигзаштӣ, – Лоик Шерали
Ту дил гум кардию аз кӯчаи дилдор бигзаштӣ, Ту гул гум кардию аз гӯшаи гулзор бигзаштӣ. Ду чашмонат ба роҳи ёр буд он шаб тамоми…
То дилфурӯз омад ишқи дубораи мо, – Лоик Шерали
То дилфурӯз омад ишқи дубораи мо, Дар осмон дурахшид аз нав ситораи мо. Рамзошнои ишқем он қадр, к-аз сари сӯз Дил метапад шабу рӯз аз…
Сино расид бар сарам, дардам даво нашуд, – Лоик Шерали
Сино расид бар сарам, дардам даво нашуд, Дар коми гӯр рафтаму комам раво нашуд. Бо бенаво навон шудам то бахшамаш наво, Рӯзе, ки ман навон…
Пинҳон зи назар то кай, дар мадди назар мебош, – Лоик Шерали
Пинҳон зи назар то кай, дар мадди назар мебош, Хоҳӣ зи хатар растан, дар чанги хатар мебош. Аз худ чӣ бурун тозӣ чун ҷои гурезат…
Онҳо ки ташнаанд, бари об мераванд, – Лоик Шерали
Онҳо ки ташнаанд, бари об мераванд, Дилташнагон ба соҳили Варзоб мераванд. Як зумра аз барои таносоиву тараб, Як зумра аз барои табутоб мераванд. Чанде барои…
Нест осон бурдани бори сухан, – Лоик Шерали
Нест осон бурдани бори сухан, Сода набвад ин ҳама кори сухан. Аз гули хору зи хори гул маро Кардӣ мафтуни гулу хори сухан. Аз хасе…
Мо ташнаем, ташнаи дидори зиндагӣ, – Лоик Шерали
Мо ташнаем, ташнаи дидори зиндагӣ, Дил додаем бар кафи дилдори зиндагӣ. Он қадр ошиқем, ки хушвақт бигзарем Дар зери бори зиндагӣ бебори зиндагӣ. Донистаем бо…
Мард он, ки сарафроз сари дор бимирад, – Лоик Шерали
Мард он, ки сарафроз сари дор бимирад, Як бор таваллуд шуда, як бор бимирад. Мард он, ки сари қулла чу ҳамхонаи хуршед Аз қисмати худ…
Кӯзаро бишкаставу бар санг туҳмат мекунӣ, – Лоик Шерали
Кӯзаро бишкаставу бар санг туҳмат мекунӣ, Ҷомро бишкаста, соқиро маломат мекунӣ. Бас дуиҳо дидаам дар табъи пасту дуни ту, Худ разолаткору уммеди адолат мекунӣ. Аз…
Ишқ овардам, пушаймонам макун, – Лоик Шерали
Ишқ овардам, пушаймонам макун, Оташ овардам, гулафшонам макун. Хешро то ишқи ту аз сад даре Ҷамъ овардам, парешонам макун. Шодӣ овардам, ба ғам рангаш мазан,…
Зиндагиям бе шукӯҳи ишқат орое надошт, – Лоик Шерали
Зиндагиям бе шукӯҳи ишқат орое надошт, Ҳамчу шаҳри мурдагоне буд, овое надошт. То набудӣ, гӯиё дар синаи ман дил набуд, Ё агар буд, андуҳу дарди…
Ёри дурафтодаи ман, боз наздикам биё, – Лоик Шерали
Ёри дурафтодаи ман, боз наздикам биё, Лоиқи табрикам ин дам, баҳри табрикам биё. То набошад зиндагият баъд аз ин аз бад батар, Ман ҳанӯз он…