Ғазалиёт – Лоика Шерали
Эй ҷамоли баҳру бар, шод омадӣ, – Лоик Шерали
Эй ҷамоли баҳру бар, шод омадӣ, “Эй баҳори сабзу тар, шод омадӣ” . Тозакориҳотро қурбон шавам, Мисли ҳар соҳибҳунар шод омадӣ. Дар дилам кардӣ назар…
Эй духтари нозанини давлат, – Лоик Шерали
Эй духтари нозанини давлат, Бегонаи худ, қарини давлат. Як пора замин надоштӣ, лек Хурдӣ ту ғами замини давлат. Ожанги ҷабини ту фузун шуд То чин…
Чунин ки гашта макони ман ошёни камон, – Лоик Шерали
Чунин ки гашта макони ман ошёни камон, Диҳӣ салом, алайкат диҳад даҳони камон. Забони давлатӣ айдун забони модар нест, Забон забони камону баён баёни камон….
Ҷон ба қурбони ту, эй меҳани хунинкафанам, – Лоик Шерали
Ҷон ба қурбони ту, эй меҳани хунинкафанам, Будӣ байтушшарафам, гаштаӣ байтулҳазанам. Душманат чор тараф аҷнабию хонагиянд, Тани танҳо ба чӣ ниру сафи аъдо шиканам? Дӯст…
Ҳарфе шунавӣ, оҳу роҳе биравӣ, чоҳ аст – Лоик Шерали
Ҳарфе шунавӣ, оҳу роҳе биравӣ, чоҳ аст Аз мӯрии ҳар хона дуди ғами ҷонкоҳ аст. Ҳарфе зи Ватан гӯӣ, тират ба даҳан ояд, Ин ҷо…
Ҳайфи умри мард агар дар бистари зан бигзарад, – Лоик Шерали
Ҳайфи умри мард агар дар бистари зан бигзарад, Ҳайфи умри зан агар бо оҳу шеван бигзарад. Олимон дар базми май дасту гиребон мешаванд, Ҳайфи он…
Туро дубора наҷустам, хато хатои ман аст – Лоик Шерали
Туро дубора наҷустам, хато хатои ман аст Маломати ҳама дунё сазо сазои ман аст. Ту будӣ бахти ману бахтро раҳо кардам, Шудам ба бахти ту…
Тоҷике бо форсӣ ҳарфе нагӯяд, фахр кун, – Лоик Шерали
Тоҷике бо форсӣ ҳарфе нагӯяд, фахр кун, Ҷавҳари худ, асли худро гар наҷӯяд, фахр кун. Гар раҳи анбор пӯяд ё раҳи бозору пул, Роҳи истиқболи…
Тирамоҳи ман, баҳорамро бидеҳ! – Лоик Шерали
Тирамоҳи ман, баҳорамро бидеҳ! Мавсими авҷу барорамро бидеҳ! Дар қарори ту дилам таркиданист, Зиндагии беқарорамро бидеҳ! Ман кунун аз ҳақталошӣ фориғам, Он талоши ҳақгузорамро бидеҳ!…
Само буғзе ба дил дорад, ҳаво абрист, меборад. – Лоик Шерали
Само буғзе ба дил дорад, ҳаво абрист, меборад. Дилам ғамгин, сарам вазнин, намедонам чӣ мефорад. Фазои шаҳр хоколуд, рӯзи хокборон аст, Ту гӯӣ дар ғами…
Ошиқӣ басар омад, эй дил, эй дили ошиқ! – Лоик Шерали
Ошиқӣ басар омад, эй дил, эй дили ошиқ! Хорият ба сар омад, эй дил, эй дили ошиқ! Гунаи ҷавоният гунаи хазонӣ шуд, Фасли бесамар омад,…
Оё чӣ шуд, ки аз ҳама олам ҷудо шудем! – Лоик Шерали
Оё чӣ шуд, ки аз ҳама олам ҷудо шудем! Шояд аз он, ки мункири зоти худо шудем?! “Боло” ҳар он чӣ гуфт, “бале” гуфта, оқибат…
На Сосон, на Кӯшони миллат шудем, – Лоик Шерали
На Сосон, на Кӯшони миллат шудем, Адӯи Сурӯшони миллат шудем. Ҳама об андар даҳан будаем, Яке деги ҷӯшони миллат шудем. Ситезону ғуррон чу шери яла…
Месӯхтам зи ишқи ту, сӯзам асар надошт, – Лоик Шерали
Месӯхтам зи ишқи ту, сӯзам асар надошт, Мемурдам аз нигоҳи ту, чашмат назар надошт. Мехостам дили туро донам чу рози ғайб, Мекостам зи дарди ту,…
Ман он наям, ки бим зи рӯзи аҷал кунам, – Лоик Шерали
Ман он наям, ки бим зи рӯзи аҷал кунам, Ё шиква аз муаллифи нақши азал кунам. Сад ҷома пора мекунам дар қомати адӯ, З-он пештар,…
Кофтам ҳусни дил аз ҳусну ҷамоли дигарон, – Лоик Шерали
Кофтам ҳусни дил аз ҳусну ҷамоли дигарон, Ёфтам авҷу камоле аз камоли дигарон. Гарчи худ болу пари парвози дуре доштам, Шеваи парвоз омухтам зи боли…
Ин манам, ҳамгунаҳи шишаву соғарзадагон, – Лоик Шерали
Ин манам, ҳамгунаҳи шишаву соғарзадагон, Даст андар камару домани дилбарзадагон. Ин манам, ҳамсафари сӯхтагони раҳи ишқ, Хок бар сар зада, аз хок зи нав сар…
Зи сад даъвогари беақл як дузди музаффар беҳ, – Лоик Шерали
Зи сад даъвогари беақл як дузди музаффар беҳ, Зи сад ҳақгӯи бетаҳқиқ як афсонапарвар беҳ. Ҳазор авлост як чахмохсанг аз кӯҳи бемаъдан, Зи милён ҳамсари…
Дунёи бекарона зебост бо тарона, – Лоик Шерали
Дунёи бекарона зебост бо тарона, Бо шеъри ошиқона, бо ишқи шоирона. Дунёст гар ягона, бо ақли оқибатбин Посаш надорӣ, ёбӣ дунёи посгона. Дар хок бӯи…
Дидам, эй раҳгумзада, ҳамроҳу ҳам роҳи туро, – Лоик Шерали
Дидам, эй раҳгумзада, ҳамроҳу ҳам роҳи туро, Бедар аст, эй вой, дидам қасру даргоҳи туро. Дигарон то осмон рафтанду ту то остон, Дидам, эй мурғи…
Дар ин замона ба ҳар баҳона – Лоик Шерали
Дар ин замона ба ҳар баҳона на ту бимонҳ, на ман бимонам Насиби дилро зи дори дунё на ту ситонҳ, на ман ситонам. Чу моҳвора…
Гар баҳри тамаъ омадаӣ пеши дари ман, – Лоик Шерали
Гар баҳри тамаъ омадаӣ пеши дари ман, Лаб во макуну дур бирав аз назари ман. Ман чун ту падарсӯхтаеро нашиносам, Бархоста аз гӯр ҳам ояд…
Биё, бо ҳам бисозему ҷаҳонеро барафрӯзем, – Лоик Шерали
Биё, бо ҳам бисозему ҷаҳонеро барафрӯзем, Биё, бо ҳам биёмезему дунёро биёмӯзем. Биё, бо ҳам биёғозем, то бе ҳам наанҷомем, Биё, бо ҳам бинозему биё…
Бас андарзи зардуштиву монавӣ – Лоик Шерали
Бас андарзи зардуштиву монавӣ Бихондему барн-омад аз мо навӣ. Бихондем фарзонагии Куруш, Бихондем бас номаи паҳлавӣ. Зи душман басо мушт хурдем, лек Нагаштем ҳамдасту мушти…
Ало, кайҳони дури ман, ало эй хоксори ман, – Лоик Шерали
Ало, кайҳони дури ман, ало эй хоксори ман, Ки ҳоло сабз медорӣ баҳори рӯзгори ман. Шабат хуш бод боре дар канори ёри иҷборӣ, Агарчи нестӣ…
Аз дасти як бенохуне дар даштҳо хирман намонд, – Лоик Шерали
Аз дасти як бенохуне дар даштҳо хирман намонд, Аз нафси наҳси раҳзане норуфта як махзан намонд. Чун шуд бизангаҳ шаҳри мо, шуд баста раҳҳо баҳри…
Эй фулон ибни фулон, тоҷи сарам бишкастӣ, – Лоик Шерали
Эй фулон ибни фулон, тоҷи сарам бишкастӣ, Ҷоми май хурдиву сад ҷоми зарам бишкастӣ. Нӯки минқори ману лонаат аз чӯбу хасе, Чӯҷаи ман будиву шоҳпарам…
Эй дил, эй дил, зинда дар дунёӣ бо дунёи худ, – Лоик Шерали
Эй дил, эй дил, зинда дар дунёӣ бо дунёи худ, Метапӣ рӯзу шабон бо ҷумла армонҳои худ. Гарчи ҳар дам мебарандат ҷилваҳои гулрухон, Меравию боз…
Чун набуд дидаваре, ҳақназаре дар бари халқ – Лоик Шерали
Чун набуд дидаваре, ҳақназаре дар бари халқ Барфу борони бало рехт ба фарқи сари халқ. Сангдил баски фузун буд дар ин сангистон Дили санг об…
Ҷаҳон сар ба сар ҳикмату ибрат аст, – Лоик Шерали
Ҷаҳон сар ба сар ҳикмату ибрат аст, Чаро баҳраи мо ҳама ғафлат аст?” Абулқосими Фирдавсӣ То кай ба дарду ҳасрат бимирем? Боре зи торих ибрат…
Ҳар шабе дар хоб бинам тарҳи симои туро, – Лоик Шерали
Ҳар шабе дар хоб бинам тарҳи симои туро, Пеши чашм орам саҳаргаҳ чашми дарёи туро. Аз раҳе, ки чида-чида пой бигзорӣ, ба дил Чида-чида бигзарам…
Ҳайфи он афрӯхта фарҳанги олӣ, – Лоик Шерали
Ҳайфи он афрӯхта фарҳанги олӣ, Шоирам дар хушксори мулки холӣ. Кӯдакашро гар кушад дар батни модар, Чун тавон кард орзуи безаволӣ? То абусе бар даюсе…
Туро ҳар рӯз мебинам, ба коми дил намебинам, – Лоик Шерали
Туро ҳар рӯз мебинам, ба коми дил намебинам, Ба чандин орзуят дар мақоми дил намебинам. Ту вақти ҳар ғурубе меравӣ чун офтоб аз ман, Вале…
То ту бошӣ, рӯнамои бахти ман рӯи ту бод! – Лоик Шерали
То ту бошӣ, рӯнамои бахти ман рӯи ту бод! Сарҳисоби зиндагиям дар сари кӯи ту бод! Гар сазоворам, мукофоти ҷамоли ту бас аст, Гар гунаҳкорам,…
То гул бичинам, аз раҳи пургил гузаштаам, – Лоик Шерали
То гул бичинам, аз раҳи пургил гузаштаам, То раҳ биёбам, аз сари қотил гузаштаам. Лабташна будаам, вале бо шеъри обдор, Аз озмуни тӯдаи ҷоҳил гузаштаам….
Сабукборему бори оламе бар дӯш мегардем, – Лоик Шерали
Сабукборему бори оламе бар дӯш мегардем, Дар оғӯши ҷаҳон дар ҳасрати оғӯш мегардем. Агар исён кунем, офоқ метаркад ба рӯи мо, Даруни сина тӯфонҳову худ…
Оҳу дод аз зиндагӣ, умри ҷавонам меравад, – Лоик Шерали
Оҳу дод аз зиндагӣ, умри ҷавонам меравад, Бо ҳама ному нишон, ному нишонам меравад. Ошиқӣ, шӯридагӣ, девонагӣ, фарзонагӣ Аз дарахти умр чун барги хазонам меравад….
Одамон бисёр, аммо якдилу якрӯ куҷост – Лоик Шерали
Одамон бисёр, аммо якдилу якрӯ куҷост Шоирон афзун, валекин шоири ҳақгӯ куҷост? Ҳар ки дилро об созад, бар сараш резанд об, Обрӯе, ки диҳӣ руҷҳон…
На мову на ман ҳастӣ, ин мову маниҳо чист! – Лоик Шерали
На мову на ман ҳастӣ, ин мову маниҳо чист! Дандон зада бар дандон, дуниву даниҳо чист! Аз хеш нарафтӣ дур, то хеши диле ёбӣ, Бе…
Маро ҳисоби зиндагӣ ба ҳар ҳисоб мекашад, – Лоик Шерали
Маро ҳисоби зиндагӣ ба ҳар ҳисоб мекашад, Миёни обу оташам ба обутоб мекашад. Ба ошёни равшани хаёлҳо, висолҳо Нахуст бор медиҳад, сипас ҳиҷоб мекашад. Даруни…
Ман он дунёи нофармон, ки аз дунё наметарсам, – Лоик Шерали
Ман он дунёи нофармон, ки аз дунё наметарсам, Ман он дарёи пуртӯфон, ки аз маҷро наметарсам. Ман он вулқони эҳсосам, ки андар хеш меҷӯшам, Зи…
Кони дардем, чу аз каф шуда кони зарамон, – Лоик Шерали
Кони дардем, чу аз каф шуда кони зарамон, Хуни сардем, чу хомӯш шуда озарамон. З-он раҳогар, ки бузург аст, вале ҳам гург аст, Хурда гаштему…
Ин харобазамин диёри ман аст – Лоик Шерали
Ин харобазамин диёри ман аст Марзи хунини ёдгори ман аст. Чун мазори умедҳом ин ҷост, Охируламр ҳам мазори ман аст. Оҳи ман гӯрро битарконад, Оҳи…
Зи баҳори ҳусни ёре ба баҳори дил расидам, – Лоик Шерали
Зи баҳори ҳусни ёре ба баҳори дил расидам, Зи канори гарми ишқе ба канори дил расидам. Ба канори сарди дунё зи ҳазор барқу оташ Фақат…
Ду чашми шуълавар дорӣ, манам парвонаи чашмат, – Лоик Шерали
Ду чашми шуълавар дорӣ, манам парвонаи чашмат, Мани бехонаро боре бихон бар хонаи чашмат. Нигоҳат мебарад чашми маро чун шуълаи хуршед, Ҳама девонаи рӯят, манам…
Даромезам дигар бо қиссаю афсонаи дарё, – Лоик Шерали
Даромезам дигар бо қиссаю афсонаи дарё, Ки бошам бо паримоҳӣ шабе дар хонаи дарё. Парии ишқи ман мисли паримоҳӣ ба дарё рафт, Биҷӯям синаи дарё,…
Дар калла ҳатто бод не, ин боданӯшӣ аз куҷо – Лоик Шерали
Дар калла ҳатто бод не, ин боданӯшӣ аз куҷо Бо пӯстғафсӣ ин ҳама чарминапӯшӣ аз куҷо? Дирӯз бехомак будӣ, бекозаю бомак будӣ, Ҳоло ба бозори…
Гар намедонистамат, шояд дилам осуда буд, – Лоик Шерали
Гар намедонистамат, шояд дилам осуда буд, Хотирам ҷамъ аз ғами ҳар будаву нобуда буд. Гар намедидам туро бо ташнагиҳои дилам, Роҳу умрам беумеду орзу паймуда…
Биё, эй ишқи нав, рӯҳам ҷавон кун, – Лоик Шерали
Биё, эй ишқи нав, рӯҳам ҷавон кун, Биё, эй дарди нав, тармими ҷон кун. Биё, эй васли нав, аз қабзаи марг, Маро бистону фахри ҷовидон…
Барои Ҷӯрабек Мурод – Лоик Шерали
Барои Ҷӯрабек Мурод Қурбони он дилам, ки ӯ қурбони одам аст, Ҷонам фидои одаме, ки ҷони одам аст. Ман ҳар чӣ ҷамъ оварам дар рӯзгори…