Онро, Ки Ғаме Чун Ғамн Ман Нест, Чӣ Донад.

Онро, ки ғаме чун ғамн ман нест, чӣ донад.
К-аз шавки туам днда чӣ шаб мегузаронад?
Вакт аст, гар аз пой дароям. ки хама умр
Боре накашндам, ки ба хичронн ту монад.
Сӯзи дили Яъқуби ситамдида зи ман пурс,
В-андӯхн дили сӯхтагон сӯхта донад!
Девона. гараш панд диҳӣ, кор набандад
В-ар банд НИҲӢ, снлсила аз хаы гусалонад.
Мо бе ту ба дил барназадем оби сабурӣ,
Дар оташи сӯзанда сабурӣ кн тавонад?
Хар гах ки бисӯзад ҷигарам. дида бигиряд
В-ин гиря на обест. ки оташ бинишонад!
Султони хаёлат шабе ором нагирад,
То бар сари сабри мани мискин надавонад.
Ширин нанамояд ба дахонаш шакари васл.
Онро, ки фалак захри ҷудоӣ начашонад.
Гар бори дигар домани коме ба каф орам,
То зиндаам аз чанги манаш кас нарахонад!
Тарсам, ки намонам ман аз ин ранч, дарего,
К-андар дили ман хасрати рӯи ту бимонад!
Қоснд равад аз Порс ба киштӣ ба Хуросон,
Гар чашми ман андар ақибаш сел биронад!
Фарёд, ки гар чаврн фироки ту нависам,
Фарёд барояд зи дили хар ки бихонад!
Шархи ғами ҳичронн ту хам бо ту тавон гуфт,
Пайдост. ки қосид чӣ ба самъи ту расонад?
Зинхор, ки хун мечакад аз гуфтаи Саъдӣ,
Ҳар к-ин хама ништар бихӯрад. хун бичаконад!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *