Ё малак бар сурати мардум ба гулзор омадаст?
Уд месӯзанд ё гул медамад дар бӯстон?
Дӯстон, ё корвони мушки тотор омадаст?
Сорбоно, як назар бар рӯи он зебонигор
Гар ба ҷоне медиқанд, инак харидор омадаст!
Ман дигар дар хона наншинам асиру дардманд,
Хоса ин соат, ки гуфтӣ гул ба бозор омадаст!
Гар ту инкори назар дар офариниш мекунӣ,
Ман ҳамегӯям, ки чашм аз баҳри ин кор омадаст.
Ваҳ, ки гар ман боз бинам рӯи ёри хешро,
Мурдаро бинӣ, ки дар олам дигар бор омадаст!
Он чи бо ман меравад дар бандат, эй ороми ҷон!
Бо касе гӯям, ки дар банде гирифтор омадаст!
Най, ки менолад ҳама дар маҷлиси озодагон,
3-он ҳаменолад, ки бар вай захми бисёр омадаст.
То напиндорӣ, ки баъд аз чашми хоболуди ту
То бирафтӣ, хобам андар чашми бедор омадаст.
Саъдиё, гар ҳиммате дорӣ, манол аз ҷаври ёр!
То ҷаҳон будаст ҷаври ёр бар ёр омадаст.