Имрӯз Дигарам Ба Фироқи Ту Шом Шуд,

Имрӯз дигарам ба фироқи ту шом шуд,
Дар интизори васли ту умрам тамом шуд!
Омад намози шому наёмад нигори ман,
Эй дида пос дор, ки хобат ҳаром шуд!
Беш эҳтимоли санги нафо хӯрданам намонд,
К-аз риққат андаруни заифам чу ҷом шуд!
Афсӯси халқ мешунавам дар қафои хеш,
К-ин пухта бин, ки дар сари савдои хом шуд.
Танҳо на ман ба донаи холат муқайядам,
Ин дона ҳар кӣ дид, гирифтори дом шуд.
Гуфтам: «Яке ба гӯшаи чашмаш назар кунам»,
Чашмам дар ӯ бимонду зи ёдам мақом шуд.
Эй дил, нагуфтамат, кн инони назар битоб?
Акнунат афканад, ки зи дастат лаҷом шуд!
Номам ба ошиқӣ !”уду гӯянд тавба кун,
Тавбат кунун чӣ фоида дорад, ки ном шуд!
Аз ман ба ишки рӯи ту мезояд ин сухан,
Тӯтӣ шакар шикаст, ки ширинкалом шуд.
Абнои рӯзгор ғуломон ба зар харанд,
Саъдӣ туро ба тавъу иродат ғулом шуд!
Он муддаӣ, ки даст надодӣ ба банди кас,
Ин бор дар каманди ту афтоду ром шуд!
Шарҳи ғамат ба васф нахоҳад шудан тамом,
Ҷахдам ба охир омаду дафтар тамом шуд.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *