3-он ду лаби ширинат сад шӯр барангезам!
Гар қасди ҷафо дорӣ, инак ману инак сар,
В-ар роҳи вафо дорӣ, ҷон дар қадамат резам!
Бас тавбаву парҳезам, к-аз ишқи ту ботил шуд,
Минбаъд бад-он ишртам,к-аз тавба бипарҳезам.
Сими дили мискинам дар хоки дарат гум шуд,
Хоки сари ҳар кӯе бефоида мебезам.
Дар шаҳр ба расвоӣ душман ба дафам барзад,
То бар дафи ишқ омад, тири назари тезам.
Маҷнуни рухи Лаилй, чун Қайси Баниомир,
Фарҳоди лаби Ширин, чун Хусрави Парвезам.
Гуфтӣ: «Ба ғамам биниши, ё аз сари ҷон бархез!»
Фармон барамат, ҷоно, биншииаму бархезам!
Гар бе ту бувад ҷаннат, бар кунгура наншмнам,
В-ар бо ту бувад дӯзах, дар силснла овезам!
Бо ёди ту гар Саъдӣ дар лӯст намегунҷад,
Чун дӯст ягона шуд, бо гайр наёмезам!