Пиндорамат аз равзаи ризвони биҳиштӣ!
Дур аз сабабе нест, ки шӯридаи савдо,
Ҳар лаҳза чу девона давон бар дару даштӣ.
Боре магарат бар рухи ҷонон назар афтод,
Саргангга чу ман дар ҳама офоқ бигаштӣ!
Аз каф надиҳам домани маъшуқаи зебо!
Ҳил, то биравад номи ман, эй ёр, ба зиштӣ!
Ҷуз ёди ту бар хотири ман нагзарад, эй ҷон!
Бо он ки ба якбораам аз ёд биҳиштӣ!
Бо табъи малулат чӣ кунад дил, ки насозад,
Шурта ҳама вақте набувад лоиқи киштӣ.
Бисёр гузаштӣ, ки накардӣ сӯи мо чашм,
Як дам нанишастам, ки ба хотир нагузаштӣ.
Шӯхӣ – шакаралфозу маҳӣ – лолабаногӯш,
Саврӣ — суманандому буть – ҳурсириштӣ!
Қуллоб ту дар кас нафикандӣ, ки набурдӣ,
Шамшер ту бар кас накашидй, ки накуштӣ!
Селоби қазо настурад аз дафгари айём,
Инҳо,ки ту бар хотири Саъдӣ бинавиштӣ!