Гуфтам ба зардае бар пири маҳалгароҳо,
Оё чи суд ёбӣ з- ин ҷаҳлу моҷароҳо?
Эй сустмағзи ҷоҳил в-эй пойбанди ботил,
Рӯзе бадар кун аз сар ин чуну ҳам чароро!
То кай ба қавмбозӣ омил ба инқирозӣ?
Ранҷему мо ту нозӣ з-ин хайли “ихтироҳо”?!
Бидуни як далеле ғайбат кунӣ ту хеле,
Вайронгарӣ чу селе бешармӣ, ошкоро?
Тор аст фикру нақлат, беморӣ, нест ақлат,
Дам деҳ ба мори ҷаҳлат магрез аз мадоро!
Эй зоти бе мурувват, в-эй манбаъи кудурат,
Боре ба худ биёву равнақ мадеҳ балоро!
Бо фикру бо ақоид то нестӣ мусоид,
Бегонаӣ ба Воҷид савганд, эй Худоро!
( Vojidi Ashti )