Ман аз рох хотира нохуб дорам,

Ман аз рох хотира нохуб дорам,
Туро ин чода аз ман мерабояд .
Хамеша мерави ,ман гиря дорам
Намеойи, намеойи ту шояд.

Намеойи ту шояд ,руи шоха
Дигар барфи хавас об мешавад,ох
Дигар метарсам аз овои имшаб,
Садои пойи ту меояд аз рох.

Садои пойи ту берабт, ночур
Ба мисли шарфаи пойи аласте
На ошиквор, балки чун шароби ,
Качу росту бале, чун бодамасте

Магар бояд барои буса кардан
Лаби лола, ту бояд маст боши?
Магар масти нигохи мо набуди?
Ту оё рафтае аз даст боши?

Миёни интихоб ошуфтахоли ,
Лаби шиша? Ва ё лабхои ошик
Хамедонам, ки ҷуз шабҳои куча,
Ту пазмони хама шабҳои ошик .

Биё пас рохро овоза созем ,
Ки имшаб мераси оне дигаргун .
Дигар бо ошнои ,мехрабони ,
Ва гоми устувор меойи акнун …

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *