——–
Ниёзе бениёзи ҳарфи хоҳиш,
Ту бо пойи пиёда, ман саворам.
Ба зери барф, бо армони дидор,
Ман оре, як зани шабзиндадорам.
На тоби рафтану не хоб моро
Ҳамин ҳолат фақат мемонад имшаб.
Ба хотир хотира мегардад, оре
Ва ҳарфи алвидоъ н-оварда бар лаб.
Ту бо эҳсос меойиву гуё,
Ман он бозингари эҳсосҳоям.
Ба банди ногаҳони одат охир,
Бубандам оқибат ин дасту поям.
Бале, оҳиста аз пушти таманно,
Ба самти боварӣ меоям акнун.
Ва медонам надорем ҳеҷ бовар,
Ба он ки рафтаем ҳадде дигаргун.
Ду девона канори шаҳр аз ҳам,
Гурезону парешону фигорем.
Надорем оқибат, ин ҳам ки пайдост,
Мисоли дуди охир аз сигорем…SH. R.
Shoira Rahimjon
شاعره رحیم جان