Эй Дил, Он Дам, Ки Хароб Аз Маи Гулгун Бошӣ,

Эй дил, он дам, ки хароб аз маи гулгун бошӣ,
Бе зару ганҷ ба сад ҳашмати Қорун бошӣ.
Дар мақоме, ки садорат ба фақирон бахшанд,
Чашмдорам, ки ба ҷо аз ҳама афзун бошӣ.
Дар раҳи манзили Лайлӣ, ки хатарҳост дар он,
Шарти аввал қадам он аст, ки Маҷнун бошӣ.
Нуқтаи ишқ намудам ба ту ҳон, саҳв макун,
В-арна чун бингарӣ, аз доира берун бошӣ.
Корвон рафту ту дар хобу биёбон дар пеш.
Кай равӣ? Раҳ зи кӣ пурсӣ? Чӣ кунӣ? Чун бошӣ?
Тоҷи шоҳӣ талабӣ, гавҳари зотӣ бинамой,
В-ар худ аз тухмаи Ҷамшеду Фаридун бошӣ.
Соғаре нӯш куну ҷуръа бар афлок фишон,
Чанду чанд аз ғами айём ҷигархун бошӣ?
Ҳофиз, аз фақр макун нола, ки гар шеър ин аст,
Ҳеҷ хушдил написандад, ки ту маҳзун бошӣ.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *