Монанди чашми мастат, чашми ҷаҳон надида,
Ҳамчун ту нозанине сар то ба по латофат,
Гетӣ нишон надода, эзид наёфарида
Дар қасди ҷони ушшоқ абрӯву чашми мастат,
Гоҳ ин камин кушода, гоҳ он камон кашида.
То кай кабутари дил чун мурғи нимбисмил,
Бошад зи тири ҳаҷрат дар хоку хун тапида.
Дар пой хори ҳиҷрон афтода дар кашокаш
В-аз гулшани висолат ҳаргиз гуле начида.
Аз сӯзи сина ҳар дам дудам ба сар барояд,
Чун уд чанд бошам дар оташ орамида?
Гар дасти ман нагирӣ, бо хоҷа бозгӯям,
К-аз ошиқони мискин дил бурдай ба дида.