В-ар оштӣ талабам, бар сари итоб равад.
Чу моҳи нав раҳи наззорагони бечора
Занад ба гӯшаи абруву дар ниқоб равад.
Шаби шароб харобам кунад ба бедорӣ
Вагар ба рӯз шикоят кунам, ба хоб равад.
Тариқи ишқ, пурошӯбу фитнааст, эй дил,
Бияфтад он, ки дар ин роҳ бо шитоб равад.
Гадоии дари ҷонон ба салтанат мафурӯш,
Касе зи сояи ин дар ба офтоб равад.
Саводи номаи мӯи сиёҳ чун тай шуд,
Баёз кам нашавад, гар сад интихоб равад,
Ҳубобро чу фитад боди наҳват андар сар,
Кулоҳдорияш андар сари сароб равад.