Ба раҳи дӯст нишинему муроде талабем.
Зоди роҳи ҳарами васл надорем, магар
Ба гадой зи дари майкада зоде талабем.
Лаззати доғи ғамат бар дили ман бод ҳаром,
Агар аз ҷаври ғами ишқи ту доде талабем.
Нуқтаи холи ту бар лавҳи басар натвон зад,
Магар аз мардумаки дида мидоде талабем.
Ишвае аз лаби ширини ту дил хост ба ҷон,
Ба шакарханда лабат гуфт: «Мазоде талабем!»
То бувад нусхаи атрӣ дили савдозадаро,
Аз хати ғолиясои ту саводе талабем.
Чун ғаматро натавон ёфт магар дар дили шод,
Мо ба уммеди ғамат хотири шоде талабем.
Бар дари мадраса то чанд нишинӣ, Ҳофиз?
Хез, то аз дари майхона кушоде талабем.