Ба қасди ҷони мани зори нотавон андохт,
Набуд нақши ду олам, ки ранги улфат буд,
Замона тарҳи муҳаббат на ин замон андохт.
Ба як карашма, ки наргис ба хушфурӯшӣ кард,
Фиреби чашми ту сад фитна дар ҷаҳон андохт.
Шароб хӯрдаву хай карда меравӣ ба чаман,
Ки оби рӯи ту оташ дар арғавон андохт.
Ба базмгоҳи чаман дӯш маст бигзаштам,
Чу аз даҳони туам ғунча дар гумон андохт.
Бунафша турраи мафтули худ гиреҳ мезад,
Сабо ҳикояти зулфи ту дар миён андохт.
Зи шарми он, ки ба рӯи ту нисбаташ кардам,
Суман ба дасти сабо хок дар даҳон андохт.
Ман аз вараъ маю мутриб надидаме з-ин пеш,
Ҳавои муғбачагонам дар ину он андохт.
Кунун ба оби маи лаъл хирқа мешӯям,
Насибаи азал аз худ наметавон андохт.
Ҷаҳон ба коми ман акнун шавад, ки даври замон
Маро ба бандагии хоҷаи ҷаҳон андохт.
Магар кушоиши Ҳофиз дар ин харобӣ буд,
Ки бахшиши азалаш дар маи муғон андохт.