Боз бо дилшудагон нозу итобе дорад.
Аз сари куштаи худ мегузарад ҳамчун бод,
Чӣ тавон кард, ки умр асту шитобе дорад.
Моҳи хуршеднамояш зи паси пардаи зулф
Офтобест, ки дар пеш саҳобе дорад.
Чашми ман кард ба ҳар гӯша равон сели сиришқ,
То сиҳисарви туро тозатар обе дорад.
Ғамзаи шӯхи ту хунам ба хато мерезад,
Фурсаташ бод, ки хуш фикри савобе дорад.
Оби ҳайвон агар ин аст, ки дорад лаби дӯст,
Равшан аст, ин, ки Хизир баҳра саробе дорад.
Чашми махмури ту дорад зи дилам қасди ҷигар,
Турки маст аст, магар майли қабобе дорад?
Ҷони бемори маро нест зи ту рӯи суол,
Эй хуш он хаста, ки аз дӯст ҷавобе дорад!
Кай кунад сӯи дили хастаи Ҳофиз назаре
Чашми масташ, ки ба ҳар гӯша харобе дорад.