Бодаи дилкушо биҷӯ тоза ба тоза, нав ба нав.
Бо санаме чу луъбате, хуш бинишин ба хилвате,
Бӯса ситон ба ком аз ӯ тоза ба тоза, нав ба нав.
Бар зи ҳаёт кай хӯрӣ, гар на мудом май хӯрӣ?
Бода бихӯр ба ёди ӯ тоза ба тоза, нав ба нав.
Соқии моҳрӯи ман, мушки баҳорбӯи ман,
Зуд, ки пур кунам сабӯ тоза ба тоза, нав ба нав.
Шоҳиди дилрабои ман мекунад аз барои ман,
Нақшу нигору рангу бӯ тоза ба тоза, нав ба нав,
Боди сабо чу бигзарӣ, бар сари кӯи он парӣ,
Қиссаи Ҳофизаш бигӯ тоза ба тоза, нав ба нав.