Хум, гӯ, сари худ гир, ки хумхона хароб аст.
Гар хамри биҳишт аст, бирезед, ки бе дӯст,
Ҳар шарбати азбам, ки дӣҳӣ, айни азоб аст.
Афсӯс, ки шуд дилбару дар дидаи гирён
Таҳрири хаёли хати ӯ нақш бар об аст.
Бедор шав, эй дида, ки эмин натавон буд
3-ин сели дамодам, ки дар ин манзили хоб аст,
Маъшуқ аён мегузарад бар ту, валекин
Ағёр ҳамебинад, аз он баста ниқоб аст.
Гул бар рухи рангини ту то лутфи арақ дид,
Дар оташи рашк аз ғами дил ғарқи гулоб аст.
Сабз аст дару дашт, биё, то нагузорем
Даст аз сари обе, ки ҷаҳон ҷумла сароб аст.
Дар кунҷи димоғам маталаб ҷои насиҳат,
К-ин гӯша пур аз замзамаи чангу рубоб аст.
Ҳофиз, чӣ шуд, ар ошиқу ринд асту назарбоз,
Бас таври аҷаб лозими айёми шабоб аст.