Мо Сархушему Бодаи Мо Дар Пиёла Кун!

Мо сархушему бодаи мо дар пиёла кун!
Бадмастро ба ғамзаи соқӣ ҳавола кун!
Дар ҷоми моҳ бодаи чун офтоб рез,
Бар рӯи рӯз сунбули шабро гулола кун!
Эй пири хонақаҳ, ба харобот шав даме,
Ғусле барору тавбаи ҳафтодсола кун!
Сӯфӣ, ба гиря чеҳраи маҷлис бишӯ чу шамъ
В-оҳанги рақси мо ҳама аз оҳу нола кун!
Гар наварӯси даҳр дарояд ба ақди ту,
Маҳри ду кавни Ҳофизаш андар қабола кун!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *