Муошир дилбаре ширину соқӣ гулъузоре хуш.
Ало, эй давлати толеъ, ки қадри вақт медонӣ,
Гуворо бодат ин ишрат, ки дорӣ рӯзгоре хуш.
Ҳар он касро, ки дар хотир зи ишқи дилбаре борест,
Сипанде, гӯ бар оташ неҳ ки дорад кору боре хуш.
Арӯси табъро зевар зи фикри бикр мебандам,
Бувад, к-аз дасти айёмам ба даст афтад нигоре хуш.
Шаби сӯҳбат ғанимат дону доди хушдилӣ бистон,
Ки маҳтобе дилафрӯз асту тарфи лолазоре хуш.
Мае дар косаи чашм аст соқиро баномэзад,
Ки мастӣ мекунад бо ақлу мебахшад хуморе хуш.
Ба ғафлат умр шуд, Ҳофиз, биё бо мо ба майхона,
Ки шангӯлони сармастат биёмӯзанд коре хуш.