Бозори бутон шикаст гирад.
Ҳар кас, ки бидид чашми ӯ, гуфт:
«Ку мӯҳтасибе, ки маст гирад?»
Дар баҳр фитодаам чу моҳӣ,
То ёр маро ба шаст гирад.
Дар пош фитодаам ба зорӣ,
Оё бувад он, ки даст гирад?
Хуррам дили он, ки ҳамҷу Ҳофиз,
Чоме зи маи аласт гирад