Дӯш Аз Ҷаноби Осаф Пайки Башорат Омад,

Дӯш аз ҷаноби Осаф пайки башорат омад,
К-аз ҳазрати Сулаймон ишрат ишорат омад.
Хоки вуҷуди моро аз оби бода гил кун,
Вайронсарои дилро гоҳи иморат омад.
Ин шарҳи бениҳоят, к-аз зулфи ёр гуфтанд,
Ҳарфест аз ҳазорон, к-андар иборат омад.
Айбаш бипӯш зинҳор, эй хирқаи майолуд,
К-он ёри покдоман баҳри зиёрат омад.
Имрӯз ҷои ҳар кас пайдо шавад зи хубон,
К-он моҳи маҷлисафрӯз андар садорат омад.
Бар тахти Ҷам, ки тоҷаш меъроҷи осмон аст,
Ҳиммат нигар, ки мӯре бо он ҳақорат омад.
Аз чашми шӯхаш, эй дил, имони худ нигаҳ дор,
К-он ҷодуи камонкаш бар азми ғорат омад.
Дарёст маҷлиси ӯ, дарёб вақт, дарёб,
Ҳон, эй зиёнрасида, вақти тиҷорат омад.
Олудаӣ ту, Ҳофиз, файзе, зи шоҳ дархоҳ
К-он унсури самоҳат баҳри таҳорат омад.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *