Ки чунон з-ӯ шудаам бе сару сомон, ки мапурс.
Кас ба уммеди вафо тарки дилу дин макунод,
Ки чунонам ман аз ин карда пушаймон, ки мапурс!
Ба яке чуръа, ки озори касаш дар пай нест,
Заҳмате мекашам аз мардуми нодон, ки мапурс.
Зоҳид, аз мо ба саломат бигузар к-ин маи лаъл,
Дилу дин мебарад аз даст бад-он сон, ки мапурс.
Гуфтугӯҳост дар ин роҳ ки ҷон бигдозад,
Ҳар касе арбадае ин, ки мабин, он, ки мапурс.
Порсоиву саломат ҳавасам буд, вале
Шевае мекунад он наргиси фаттон, ки мапурс.
Гуфтам: «Аз гӯи фалак сурати ҳолаш пурсам»
Гуфт: «Он мекашам андар хами ҷавгон, ки мапурс!»
Гуфтамаш: «Зулф ба хуни кӣ шикастӣ?» Гуфто:
«Ҳофиз, ин қисса дароз аст, ба Қуръон, ки мапурс!»