Зи хотаме, ки даме гум шавад, чӣ ғам дорад?
Ба хатту холи гадоён мадеҳ хазинаи дил,
Ба дасти шоҳваше деҳ, ки мӯҳтарам дорад.
На ҳар дарахт таҳаммул кунад ҷафои хазон,
Ғуломи ҳиммати сарвам, ки ин қадам дорад.
Расид мавсими он, к-аз тараб чу наргиси маст,
Ниҳад ба пой қадаҳ ҳар кӣ шаш дирам дорад.
Зар аз баҳои май акнун чу гул дареғ мадор,
Ки ақли кул ба садат айб муттаҳам дорад.
Зи сирри ғайб кас огоҳ нест, қисса махон,
Кадом маҳрами дил раҳ дар ин ҳарам дорад?
Дилам, ки лофи таҷаруд задӣ, кунун сад шуғл
Ба бӯи зулфи ту бо боди субҳдам дорад.
Муроди дил зи кӣ пурсам, ки нест дилдоре,
Ки ҷилваи назару шеваи карам дорад?
Зи ҷайби ҳирқаи Ҳофиз чӣ тарф битвон баст,
Ки мо самад талабидему ӯ санам дорад.