Дилам Ҷуз Меҳри Маҳрӯён, Тариқе Бар Намегирад.

Дилам ҷуз меҳри маҳрӯён, тариқе бар намегирад.
Зи ҳар дар медиҳам пандаш, валекин дарнамегирад.
Худоро, эй насиҳатгӯ, ҳадиси соғару май гӯ,
Ки нақше дар хаёли мо аз ин хуштар намегирад.
Биё, эй соқии гулрух, биёвар бодаи рангин,
Ки фикре дар даруни мо аз ин беҳтар намегирад.
Суроҳӣ мекашам пинҳону мардум дафтар ангоранд,
Аҷаб, гар оташи ин зарқ дар дафтар намегирад.
Ман ин далқи мураққаъро бихоҳам сӯхтан рӯзе,
Ки пири майфурӯшонаш ба ҷоме барнамегирад.
Аз он рӯ ҳаст ёронро сафоҳо бо маи лаълаш,
Ки ғайр аз ростӣ нақше дар он ҷавҳар намегирад.
Сару чашме чунин дилкаш, ту гӯй чашм аз ӯ бардӯз,
Бирав, к-ин ваъзи бемаънӣ маро дар сар намегирад.
Насиҳатгӯи риндонро, ки бо ҳукми қазо ҷанг аст,
Дилаш бас танг мебинам, магар соғар намегирад?
Миёни гиря механдам, ки чун шамъ андар ин маҷлис,
Забони оташинам ҳаст, лекин дарнамегирад.
Чӣ хуш сайди дилам кардӣ, бинозам чашми мастатро,
Ки кас мурғони ваҳширо аз ин ҳуштар намегирад.
Сухан дар эҳтиёҷи мову истиғнои маъшуқ аст,
Чӣ суд афсунгарӣ, эй дил, ки дар дилбар намегирад?
Ман он оинаро рӯзе ба даст орам Сикандарвор,
Агар мегирад ин оташ замоне в-ар намегирад.
Худоро, раҳме, эй мунъим, ки дарвеши сари кӯят,
Дари дигар намедонад, раҳи дигар намегирад.
Бад-ин шеъри тари ширин зи шоҳаншоҳ аҷаб дорам,
Ки сар то пои Ҳофизро чаро дар зар намегирад?
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *