Дил Меравад Зи Дастам, Соҳибдилон, Худоро

Дил меравад зи дастам, соҳибдилон, Худоро
Дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро.
Киштинишастагонем, эй боди шурта, бархез,
Бошад, ки боз бинем дидори ошноро.
Даҳрӯза меҳри гардун, афсонаест афсун.
Некӣ ба ҷои ёрон фурсат шумор, ёро.
Дар ҳалқаи гӯлу мул, хуш хонд дӯш булбул,
Ҳоти-с-сабӯҳу ҳуббу ё айюҳа-с-сикоро!
Эй соҳиби каромат, шукронаи саломат,
Рӯзе тафаққуде кун дарвеши бенаворо.
Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст,
Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро.
Дар кӯи некномӣ моро гузар надоданд,
Гар ту намеписандӣ, тағйир кун қазоро.
Он талхваш ки сӯфӣ уммулҳабоисаш хонд,
Ашҳолано ва аҳло мин Қиблат-ил-узоро.
Ҳангоми тангдастӣ дар айш кӯшу мастӣ,
К-ин кимиёи ҳастӣ Қорун кунад гадоро.
Саркаш машав, ки чун шамъ, аз ғайратат бисӯзад
Дилбар, ки дар кафи ӯ мумаст санги хоро.
Оинаи Сикандар ҷоми Ҷам аст, бингар,
То бар ту арза дорад аҳволи мулки Доро.
Хубони порсигӯ бахшандагони умранд,
Соқӣ, бидеҳ башорат риндони порсоро.
Ҳофиз ба худ напӯшид ин ҳирқаи майолуд,
Эй шайхи покдоман, маъзур дор моро.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *