Ҳофиз қаробакаш шуду муфтӣ пиёланӯш.
Сӯфӣ зи кунҷи савмаа бо пои хум нишаст,
То дид мӯҳтасиб, ки сабӯ мекашад ба дӯш.
Аҳволи шайху қозиву шарб-ал-яҳудашон,
Кардам суол субҳдам аз пири майфурӯш,
Гуфто:— Нагуфтанист сухан, гарчи маҳрамӣ,
Даркаш забону парда нигаҳ дору май бинӯш!
Соқӣ, баҳор мерасаду ваҷҳи май намонд,
Фикре бикун, ки хуни дил омад зи ғам ба ҷӯш,
Ишқ асту муфлисиву ҷавониву навбаҳор,
Узрам пазиру ҷурм ба зайли карам бипӯш!
То чанд ҳамчу шамъ забоноварӣ кунӣ?
Парвонаи мурод расад, эй муҳиб, хамӯш!
Эй подшоҳи сурату маънӣ, ки мисли ту,
Нодида ҳеҷ дидаву нашнида ҳеҷ гӯш,
Чандон бимон, ки хирқаи азрақ кунад қабул,
Бахти ҷавонат аз фалаки пири жандапӯш!