Зи ҷоми васл май нӯшам, зи боғи айш гул чинам.
Шароби талхи сӯфисӯз бунёдам бихоҳад бурд,
Лабам бар лаб неҳ, эй соқиву бистон ҷони ширинам.
Магар девона хоҳам шуд дар ин савдо, ки шаб то рӯз
Сухан бо моҳ мегӯям, парӣ дар хоб мебинам.
Лабат шаккар ба мастон доду чашмат май ба майхорон,
Манам, к-аз ғояти ҳирмон на бо онам, на бо инам.
Чу ҳар хоке, ки бод овард, файзе бурд аз инъомат,
Зи ҳоли банда ёд овар, ки хидматгори деринам.
На ҳар, к-ӯ нақши назме зад, каломаш дилпазир афтад.
Тазарви турфа ман гирам, ки чолок аст шоҳинам.
Агар бовар намедорӣ, рав аз суратгари Чин пурс,
Ки Монӣ нусха мехоҳад зи нӯки килки мушкинам.
Вафодориву ҳақгӯй на кори ҳар касе бошад,
Ғуломи Осафи сонӣ Ҷалолулҳаққи ваддинам.
Румузи мастиву риндӣ зи ман бишнав, на аз Ҳофиз,
Ки бе ҷому қадаҳ ҳар дам надими моҳу парвинам.