Бушро, Из-Ис-Саломату Ҳаллат Би Эй Салам,

Бушро, из-ис-саломату ҳаллат би эй салам,
Лиллоҳи ҳамду мӯътарафи ғоят-ин-ниам.
Он хушхабар куҷост, ки ин фатҳи мужда дод,
То ҷон фишонамаш чу зару сим дар қадам.
Аз бозгашти шоҳ дар ин турфа манзил аст,
Оҳанги хасми ӯ ба саропардаи адам.
Паймоншикан ҳар оина гардад шикастаҳол,
Инна-л-ъуҳда инда малик-ин-наҳйӣ зимам
Меҷуст аз саҳоби амал раҳмате, вале
Ҷуз дидаам муоина берун надод нам.
Дар нили ғам фитод, сипеҳраш ба танз гуфт:
Алона қад надамта ва мо янфаъу-н-надам.
Соқӣ, чу ёр маҳруху аз аҳли роз буд,
Ҳофиз бихӯрд бодаву шайху фақеҳ ҳам.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *