К-аз баҳри ҷуръае ҳама мӯҳтоҷи он дарем.
Рӯзи нахуст чун дами риндӣ задему ишқ,
Шарт он бувад, ки ҷуз раҳи он шева наспарем.
Ҷое, ки тахту маснади Ҷам меравад ба бод,
Гар ғам хӯрем, хуш набувад, беҳ, ки май хӯрем.
То бу, ки даст дар камари ӯ тавон задан,
Дар хуни дил нишаста чу ёқути аҳмарем.
Воиз макун насиҳати шӯридагон, ки мо
Бо хоки кӯи дӯст ба фирдавс нангарем.
Чун сӯфиён ба ҳолату рақсанд муқтадо,
Мо низ ҳам ба шӯъбада дасте бароварем.
Аз ҷуръаи ту хоки замин қадри лаъл ёфт,
Бечора мо, ки пеши ту аз хок камтарем,
Ҳофиз, чу раҳ ба кунгураи кохи васл нест,
Бо хоки остонаи ин дар ба сар барем.