Ба Фарри Давлати Гетифурӯзи Шоҳ Шуҷоъ,

Ба фарри давлати гетифурӯзи шоҳ Шуҷоъ,
Ки ҳаст дар назари ман ҷаҳон ҳақир матоъ.
Биёр май, ки чу хуршед машъал афрӯзад,
Расад ба кулбаи дарвеш низ файзи шуоъ.
Суроҳиеву ҳарифи хушам зи дунё бас,
Ки ғайр аз ин ҳама асбоби тафриқасту судоъ.
Бирав адибу насиҳат магӯ, ки дигар ту
Набиниям пас аз ин ҳеҷ гаҳ ба кунҷи биқоъ.
Зи зӯҳди Ҳофизу томоти ӯ малул шудам,
Ба сози руду ғазал гӯй бо суруди самоъ.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *