Агарчи Арзи Ҳунар Пеши Ёр Беадабист,

Агарчи арзи ҳунар пеши ёр беадабист,
Забон хамӯш, валекин даҳон пур аз арабист.
Парӣ нуҳуфта руху дев-дар карашмаи ҳусн,
Бисӯхт дида зи ҳайрат, ки ин чӣ булъаҷабист.
Дар ин чаман гули бехор кас начид, оре,
Чароғи Мустафавӣ бо шарори Бӯлаҳабист.
Сабаб мапурс, ки чарх аз чӣ сифлапарвар шуд,
Ки комбахшии ӯро баҳона бесабабист.
Ба ними ҷав нахарам тоқи хонақоҳу работ,
Маро, ки мастаба айвону пои хум танабист.
Ҷамоли духтари раз нури чашми мост магар,
Ки дар ниқоби зуҷоҷиву пардаи инабист.
Ҳазор ақлу адаб доштам ман, эй хоҷа,
Кунун, ки масту харобам, салоҳи беадабист.
Биёр май, ки чу Ҳофиз ҳазорам истизҳор,
Ба гиряи саҳариву ниёзи нимишабист.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *