ПАРВОЗИ СУХАН – Лоик Шерали

ПАРВОЗИ СУХАН

Он ҳама парвозҳо – Шарқу Шимол,
Он ҳама парвозҳо – Ғарбу Ҷануб,
Он ҳама парвозҳо бо боли даврон
Дар фазои зишту хуб…

Он ҳама парвозҳо аз розҳо то розҳо,
Он ҳама парвозҳо дар олами эъҷозҳо,
Он ҳама парвозҳо аз қутби дил то қутби дил,
аз шеъри нав то шеъри нав;
Он ҳама парвозҳо аз рой то рои дигар,
Нест парвозе зи як маъво ба маъвои дигар,
Балки буда бас тавилу дуртар
Аз яке парвоз сӯи авҷи кайҳон.
Балки тӯлонӣ зи парвози Гагарин будааст,
Дар замин яъне ҳамандози Гагарин будааст.
Балки парвози сухан аз ақлҳо то ақлҳо, аз қалбҳо то қалбҳо
Буда аз парвози як кайҳоннаварде пештар,
Бештар, пурбору покандештар…

Шоирони асри фатҳи осмон
Ҷумла ҳампарвоз мебошанд бо кайҳоннавардон
Баски як шаҳболашон бошад агар боли Ватан,
Шоҳболи дигари эшон бувад боли фану боли сухан.

Пас, сухан ҳам доимо чун киштии кайҳонии нав
Ё чу як кайҳоннаварди навқирон
Бар сафар омода аст.
Дар шумори зумраи кайҳоннавардон
Боз як кайҳоннавард – ашъори Турсунзода аст!

[1981]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *