СУРУДИ ТУНЕЛКОРОН – Лоик Шерали

СУРУДИ ТУНЕЛКОРОН

“Санг ҳам диле дорад…”
Бедил
Санг санг аст, лек дил дорад,
Раҳ кушоем дар дили ҳар санг.
Нарм созем мо дили сахташ,
Бо қувои саноеъу фарҳанг.

Кӯҳҳоро зи по дарандозем,
Ҷигари кӯҳро шикоф кунем.
Аз садоҳои ғурришу таркиш
Ларза дар ҷони кӯҳҳо фиканем.

Кӯҳ ҳам то расад ба кӯҳ имрӯз
Мисли одам ба одами дигар,
Раҳ кушоем дар дили ҳар кӯҳ,
Раҳ кушоему олами дигар.

Ҳар кадоме чу пораи хора
Кӯҳзодему кӯҳпарвардем.
Кӯҳ не, ганҷи кӯҳ фахри мост,
Номбардори мардуми мардем.

Кӯҳ кӯҳ аст, лек дил дорад,
Дили ӯ низ чун дили инсон
Ҳиссае рози худ аён созад,
Оламе рози худ кунад пинҳон.

Мо чу асрордони куҳсорем,
Розҳои дили варо ҷӯем.
Ҳам аз ӯ бишнавем рози дил,
Ҳам ба ӯ рози хешро гӯем.

То варо боз ҳам баланд кунем,
То кушоем банд аз бандаш,
То ситонем ганҷҳои варо –
Ганҷи чун кӯдаки ҷигарбандаш:

То бисозем ҳамчу кӯҳи Нор
Қалъаи нур з-ормони сафед.
То набошем дар ҷаҳони зулм
Мисли аҷдод хаставу навмед.

То зи ҳар кӯҳ рӯҳи нав ёбем,
Раҳ кушоем сӯи нуристон,
То зи сангаш барои худ созем
Ҳайкале – ёдгори ҷовидон…

[1973]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *