Бе ту бар ман ҳаёт беранг аст.
Бо ҷаҳон ошноиям донӣ,
Ошноии шишаву санг аст.
Омадӣ. Рафтӣ. Инчунин шояд
Боз меоӣ. Боз хоҳӣ рафт.
Лек табли хатар занам, ки бидон
Ними умрат ба бегуноҳӣ рафт.
Ту чаро аз гуноҳ метарсӣ,
Бегунаҳ чун на офтобу маҳ аст?!
Як ману ту куҷо гунаҳкорем?
Одамизод зодаи гунаҳ аст!
Се зи чори ҷаҳон бувад ҳама об,
Одамӣ лек ташна хоҳад мурд.
Акси ёре ба мардуми дида
Ба дили хоки сард хоҳад бурд.
Ошиқӣ баски ташнагии дил аст,
Об хоҳад зи чашмаи дилҳо.
Ошиқи ташнаро касе ранҷонд
Ташна мирад ба соҳили дарё!…
Ту маро мебарӣ ба имое
Бепару бол сӯи гардунҳо.
Ту маро мекашӣ ба сӯи уфуқ,
Ки дар ӯ мурдаанд Маҷнунҳо.
Банда ҳам хостгори парвозам,
Мепарам, мепарам ба дуриҳо.
Пушти по бод ҳар чӣ бигзаштаст,
Пушти сар бод ҷумла кӯриҳо!
Ҳар касе, ки бузургӣ мехоҳад,
Меравад сӯи корзори бузург.
Гар гуноҳи бузург бошад ишқ,
Банда ҳастам гуноҳкори бузург!
[1982]