Хуш санъатест ҳуснат, эй санъати дили ман
Хуш қисматест дардат, эй қисмати дили ман.
Боз омадӣ баногаҳ аз роҳи дилписандӣ,
Боз омадӣ ба шеърам бо ин шукӯҳмандӣ,
Хуш омадӣ ба сина, эй давлати дили ман.
Ин дил дар аввали ишқ аз ҳусни ту хабар дошт,
Дар байни обу оташ аз кӯи ту гузар дошт.
Пай бурдӣ ту бановақт аз сарвати дили ман.
Дар ин миёна бе ту гоҳе зи худ гузаштам,
То неку бад шиносам, аз неку бад гузаштам,
К-аз ту ниҳон намонад неку бади дили ман.
Акнун ба раҳгузорат ҳар дам намоз орам,
Бар даргаҳи дили ту рӯи ниёз орам,
То рӯзу шаб ту бошӣ ҳамсуҳбати дили ман.
Акнун, ки олами ман худ олами дили туст,
Бешу ками дили ман бешу ками дили туст,
Бо ман бимон, ки ҳастӣ ту ҳасрати дили ман.
Акнун, ки мешиносӣ буду набуди ин дил,
Акнун, ки худ шунидӣ арзи вуҷуди ин дил,
Бигзор ҳар чӣ бошад дар қисмати дили ман…
[1982]