УМРИ БУЛБУЛ – Лоик Шерали

УМРИ БУЛБУЛ

Умри булбул кӯтаҳ аст.
Бечора булбул
бо ҳама ширинадоӣ,
бо ҳама рангиннавоӣ,
бо ҳама гулдӯстдорӣ,
бо ҳама фарёду зорӣ
беш аз як сол умраш нест,
афсӯс!

Балки ҷои нолаю афсӯс ҳам нест.
Бар чунин як умри кӯтаҳ низ
шукр гӯяд ошиқи гул –
ошиқи бехоб – булбул.

Зоғ механдад ба умраш,
Ғулба механдад ба шукраш,
Лошахор аз лобалои лошаҳо
талх механдад ба ҳолаш,
к-ин чӣ рӯзею чӣ умре?
Ин чӣ ҷои миннату шукре?
Чанд шаб дар ҳасрати дидори гул нолида рафт,
Субҳ хуфту чеҳраи хандони гул нодида рафт,
боз шукри умр мехонад,
боз худро шод медонад,
ё ки ақлаш мисли умраш кӯтаҳ аст?

Булбули шӯрида механдад,
балки рӯҳи булбули шӯрида механдад
ба рӯзу рӯзгори лошахор,
ҳам ба ҳоли ғулбаи дузд,
ҳам ба саргинхории зоғи сияҳкор…

Гарчи сад сол умр мебинед,
Такрори ҳам аст,
Он чӣ ман дар чор фасли сол –
Як соли ҳаёти хештан дидам,
шумо сад сол ҳам баъди сари ман,
гарчи ҳам доред нируи паридан,
гарчи ҳам доред нируи ба мурдоре расидан,
меҳнати ин умри кӯтоҳи маро,
лаззати ин умри кӯтоҳи маро
қимати ин умри кӯтоҳи маро,
ҳикмати ин умри кӯтоҳи маро
ҳаргиз намебинед!

Чунки ман бе шақшақу бе коғ-коғ
Хандаи гул ҷустам аз боғе ба боғ.
Чунки ман бо табъи олӣ оҳу зорӣ кардаам,
На чу каргас бо пару боли қавӣ
бо умри афзун лошахорӣ кардаам…

Эй шумо бемоягони дерсол,
чор фасли сол
агар сад сол ҳам кардед умр,
мешавад такрор ҳар сол,
мешавад ҳар сол такрор.
Умри кӯтаҳ беҳ зи хории дароз аст.

Шодбахтам ман, ки умрам кӯтаҳ аст,
баски ман дар чор фасли сол –
як соли ҳаёти кӯтаҳи хеш
умр кардам ошиқона,
ҳам бимурдам ошиқона
бо суруду бо тарона!

апрели 1983

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *