Зиндагиям пур шуд аз овози ту.
Ногаҳон – он сон, ки гул резад дар айёми гулафшон
Бар сари ман рехт сӯзу сози ту.
Ман тиҳӣ будам зи лаззатҳои дард,
Ман тиҳӣ будам зи дарди шоирона.
Ногаҳон – он сон, ки бошам рӯ ба рӯ бо обшорон
Зиндагиям пур шуд аз шеъру тарона.
Ман ба худ печида будам.
Ман зи худ ранҷида будам.
Пеши болои баландат
Дасткӯтоҳии дилро дида будам.
Ман туро ҳарчанд куштам дар дилам,
Боз ишқат зиндатар шуд.
Он шарори нимсӯзи орзуҳо
Боз ҳам сӯзандатар шуд –
То бад-он ҷое, ки ҳар рӯзу шабам
Бе ту бигзашту барои ту гузашт,
То бад-он ҷое, ки умрам дилкашол
Шеър дар лаб беризои ту гузашт.
Лек ҷони орзуманди ҷавонам
Мамлу аз дарду ғаму эъҷози туст.
Зиндагии камхурӯшам
Ҳар нафас лабрез аз овози туст.
[1975]