Ман зиндагии хешро бо ту шинохтам, – Лоик Шерали

Ман зиндагии хешро бо ту шинохтам,
Дар оташи нигоҳи ту дилро гудохтам.
Бо ту агар набудаам ҳамбахт дар замин,
Дунёи бахти хеш дар афсона сохтам.

Ҳар шеъри ман таронаи зебоии ту буд,
Аз баҳри ман нишонаи зебоии ту буд.
Дунёнадидаам, вале дар хотирам мудом
Дунёи бекаронаи зебоии ту буд.

Дарди ту ёд дод сухангустарӣ маро,
Омӯхт бар хатои дилам доварӣ маро.
Ҳарчанд бе ту будаам дар рӯзгори хеш
Наздик кард дурият бо шоирӣ маро…

Акнун ту дар таровати тақрири ман бимон!
Чун нақши норизоии тасвири ман бимон!
Домодию арӯсии мо дер шуд, дареғ,
Эй наварӯси шеър, ба тақдири ман бимон!

[1979]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *