Бо ту дарёфтам, ки то имрӯз – Лоик Шерали

Бо ту дарёфтам, ки то имрӯз
Зиндагиям ҳама хатои дил аст.
То тую санъати муҳаббати ту
Ошиқиям ҳама ҷазои дил аст.

Бо ту бар хештан назар кардам –
Ба ҳар он чӣ гузаштаҳоям буд,
То бидидам: ҷавониам – нафасе,
Шеъри ман – оҳи норасоям буд.

Чанд фасли баҳор омаду рафт,
Ҷуз гули рӯи ту басо гул дошт.
Чашмам аз сурати ту холӣ буд,
Дилам аз ишқи ту тағофул дошт.

Ин баҳоре, ки бо ту мебинам,
Ростиро, баҳори шайдоист.
Фасли бо ҳам шукуфтани дилҳо,
Фасли рушду камоли зебоист.

Чу бубинам, ки обшори дур
Масти хеш аз ғурур механдад,
Чун бубинам ҳавои меғолуд
Ба сари кӯҳ хоса мебандад.

Чун бубинам, ки ин баҳор ту ҳам
Гул ба кокул занӣ ба шайдоӣ,
Ба насими мулоими гулшан
Дари айвони хеш бикшоӣ.

Мепарам бо кулангҳои қатор –
Дар фазо боз карда боли хеш,
Ки манам ин баҳор шоиртар,
Ки туӣ пурбаҳортар аз пеш.

Мекунам сӯи осмон фарёд,
Ки манам ин баҳор лоиқтар…
Мекушоям забон ба бонги баланд,
Ки манам ин баҳор ошиқтар…

…Баъд аз ин ҳар чи ояд аз қисмат,
То ту ҳастӣ, ҳама барои ман аст.
Чун сазои дилат накардам умр,
Ҳар чӣ ояд зи ту, сазои ман аст!

[1982]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *