ЧАШМИНТИЗОР – Лоик Шерали

ЧАШМИНТИЗОР

Дар дили шабҳо дилам гум мезанад,
Ман туро мехоҳаму нози туро.
Дар миёни чордевори хаёл
Бишнавам аз дур овози туро.

Ман фидои нозболини туям,
Ман гадои нози ширини туям.

Ман ҳазинам бе лаби хандони ту,
Ман хазонам бе рухи сабзинаат.
Медавам дар кӯчаҳои зиндагӣ
То ба ҷои ваъдаи деринаат.

Ман фидои нозболини туям,
Ман гадои нози ширини туям.

Аз туву аз ишқи шӯрангези ту
Талху шӯриҳост дар ҷоми дилам
Ишқи ту оғозу анҷоми ман аст,
Ин нидоро бишнав аз номи дилам!

Ман фидои нозболини туям,
Ман гадои нози ширини туям.

[1986]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *