Шумо гувоҳ будаед
Зи рафтагони бонишон.
Шумо худ озмудаед
Ҳама вафову сидқашон.
Ситораҳо, ситораҳо,
Ба саҳни беканораҳо
Зи ишқҳои рафтагон
Шарораҳо, шарораҳо.
Чу модарони мо ҳама
Барои мо фидо шуданд,
Нарафта зери хоки тар,
Ситораи само шуданд.
Ситораҳо, ситораҳо,
Ба саҳни беканораҳо
Зи дидагони модарон
Назораҳо, назораҳо.
Кунун ба зери осмон
Насиби мост зиндагӣ.
Насиби ахтаре шудан,
Насиби офарандагӣ.
Ситораҳо, ситораҳо,
Ба саҳни беканораҳо
Ба сӯи ҷовидонаҳо
Ишораҳо, ишораҳо…
[1984]