Эй ишқи ман, эй ишқи ман,
Дар осмон ҷустам туро.
Бигзаштам аз сад баҳру бар
Дар сад ҷаҳон ҷустам туро.
Пайдот кардам дар замин –
Дар чашми ёри маҳҷабин.
Эй ишқи ман, эй ишқи ман,
Ҳар ҷо нишонат кофтам.
Рафтам ба пушти кӯҳи Қоф,
Аз бекаронат кофтам.
Пайдот кардам дар замин –
Дар чашми ёри маҳҷабин.
Эй ишқи ман, эй ишқи ман,
Дар ҷустуҷӯят сӯхтам.
Бо номи ту дар осмон
Сад ахтаре афрӯхтам.
Пайдот кардам дар замин –
Дар чашми ёри маҳҷабин.
[1982]