Тарона сабз, сухан сабз, муддао сабз аст.
Фақат на чеҳраи саҳрову синаи талҳо,
Нигоҳу чашму дилу ҷони одамо сабз аст.
Ба рӯи сабза нишинам ба ёди чеҳраи сабз
Ки ишқи ӯ ба дилам то дами бақо сабз аст.
Равам ба соҳили дарё ба ёди ҷилваи мавҷ,
Ки мавҷи домани он ёри ҳамнаво сабз аст.
Равам ба пои дарахте, ки ғарқи гул бошад,
Бипурсам аз лаби баргаш, ки то куҷо сабз аст…
Бигирам аз лаби ғунча дуои сарсабзӣ,
Зи бас алайҳи хазон решаи дуо сабз аст.
[1988]